Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва ӯ шӯхиомез мегуфт: «кӯлобиҳо 2700 сол Кулоб гуфтанд, на Кӯлоб, талаффузи киро ба назар гирифта ин ҷо хатча мондаанд, намедонам».
Ба шогирд чӣ ҷавоб гардонем?
Ҳангоми таълим ва суолу ҷавоб бо шогирдон баъзан устод низ лол мемонад. Масалан: Овози ӯ аниқ пеш аз кадом овозҳо меояд? Барои чӣ дар оғӯш ҳасту дар оғушта нест? Барои чӣ дар мегӯяд ҳасту дар мегуфт (ҳар ду аз як калима) нест? Барои чӣ дар рӯй ҳасту дар рух нест? Барои чӣ дар ҳиҷои кушодаи рӯ-ҳӣ ҳаст, дар сурате ки мувофиқи қоида бояд танҳо дар ҳиҷои баста ояд? Барои чӣ дар фаромӯш ҳасту дар муш нест, чун дар ҳар ду маврид пеш аз овози ш омадааст? Барои чӣ будани вовро ба эътибор нагирифтанд? Ва мисли ҳамин суолҳо.
Воқеан, ин «ӯ» фавқулода аст. Ва маҷбур кардани одамон, ки талаффуз карда ёд гиред, басо беинсофист. Аз ин рӯ пешниҳод доштам, ки ин ҳаммол дар тӯли сафари 70-солааш (аз соли 1940 ин тараф) мӯҳлати мадидеро тай кард ва ба манзил расид ва «функсияаш»
адо шуд. Ин хатчаро аз болои ӯ фарорем, то бораш сабук шавад. Касе, чи хеле ки мехоҳад, талаффуз кардан гирад, вале дар навишт як у бас аст. Агар имрӯз ин амал анҷом напазирад, пас ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад шуд. Ба хотири хизмат ба ояндагон аз ин ҳарф даст бояд шуст. Зеро ҳеҷ асоси илмие, ки онро бояд нигоҳ дорем, дар даст надорем. Овози ӯ дар вожаҳои аз қабили хурд – хӯрд, гул – гӯл гарчанде маъноро дигар кунад ҳам, минбаъд якранг навишта шуда, ба қатори омографҳо дохил шуда мераванд. Маънои онҳо аз матн фаҳмида мешавад.
Аз ин баъд шояд тавассути ВАО фишоровариҳо нисбати тасмимоти Кумитаи забон ва истилоҳот бештар гардад, вале аз ин набояд ҳаросид. Мо ба аксар пешниҳодҳои олими варзидаи тоҷик Додихудо Саймиддинов розӣ ҳастем ва аз онҳо ҷонибдорӣ хоҳем кард, зеро он кас бе далелу арқоми илмӣ ҳарф намезананд.
Дар ин азми қатъӣ ба кумитаи забон ва истилоҳот иродаи қавӣ, далерӣ, таҳаммул ва тасмимоти воқеъбинона таманно дорем.
Ҳар ки ҷавоб менависад, бигузор баҳси воқеан илмӣ, бо бурҳону далел бошад, на дағаливу ҷигархарошӣ, ки дунё кирои асабситезиҳо намекунад. Бо эҳтиром!
«Боргоҳи сухан»\14.07.2010
Таълими мавзӯи сермаъноӣ ба воситаи маънихона Бузурге гуфтааст, ки муаллим дар дарсхона бояд чун ҳунарманд дар саҳна бошад.

пешина
аз 161
навбатӣ