Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Воқеан, барои сермаҳсул гузаштани дарс ва хотирмон будани он маҳорату истеъдоди омӯзгор басо бузург аст.
Қобилияту тафаккури хонандагону донишҷӯён имрӯз бештар ба бозиҳои шавқовари компютерӣ ва рӯзномаҳои саволу ҷавобдори мавҷуда нигаронида шудааст, ки ин амри табиист. Аз ин хотир мо низ ин неруи вобаста ба синну сол пурҷӯшу хурӯшро аз корҳои беҳуда ба бозии таълимӣ равона карданием. Вобаста ба маҳорати устод чунин бозиҳоро дар аксар мавзӯъҳо ташкил кардан имкон дорад. Масалан сермаъноии феълҳоро ҳам дар боби лексикология ва ҳам қисми морфология гузаштан мумкин аст. Чунончи хӯрдан: нон хӯрдан, об хӯрдан(маънии маҷозӣ), чашм хӯрдан, ба даст хӯрдан, пешпо хӯрдан, ғам хӯрдан ва ғ.; задан: зарба задан, даст задан, гап задан, дасту по задан, чашмак задан, рӯ задан ва ғ.
Ин бозиро дар мавзӯи исмҳо низ ташкил кардан мумкин аст.
Мо дар поён танҳо феъли кашиданро оварда, онро дар 33 маврид дар маъниҳои гуногун нишон додем, ки яке ба дигаре монанд нест.
Ҳатто амали сигор кашидан аз нос кашидан, чой кашидан аз ош кашидан ва ё ду навъи варзиш буз кашидан аз банд кашидан байни ҳам фарқ доранд. Устод ба воситаи саволҳои ҷолиб, ки ифодагари урфу одат, таомул ва ҳодисаҳои таърихиянд, диққати хонандаро ба ифодаҳои маъноӣ ҷалб мекунад. Дар айни замон, хонандаро барои ёфтани ҷавоб саргарм месозад.
Дар тамоми ин таркибҳои феълӣ маънии асосӣ дар хонаи байн нуҳуфтааст, яъне тамоми вожаҳои атрофи он маҳз бо феъли кашидан маънии нав тавлид мекунанд. Аз ин рӯ мо онро маънихона номидем.
Маънихона дар ташаккули ҷаҳонбинии хонанда ва донишҷӯ аҳамияти калон дорад.
Суолҳо ба маънихона 1.Ин таомро тақсим кардан (ош) 2. Амал дар сари дастархон (чой) 3. Рӯдакиро бо ин амал кӯр карданд (мил) 4. Ҳангоми қироат (мад) 5. Бас кардан, тарк кардан (даст) 6. Пеш аз оббозӣ (либос) 7. Шарм доштан (изо) 8.

пешина
аз 161
навбатӣ