33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Сарнавишти вожа
Мо ҳарфи қ дорем!
Ҳуруфи ҳ ва қ дар тоҷикӣ нест?
Солҳои донишҷўӣ муаллимон ба мо таъкидан мегуфтанд:
«Калимаҳое, ки ҳарфи қ доранд, тоҷикӣ нестанд. Онҳо ё арабианд ё аз забони туркӣ-ўзбакӣ иқтибос шудаанд». Чун донишкадаро хатм намудаву ба ҷодаи устодӣ расидем, мо низ мукаррар ба шогирдон тезиси болоро таъкид кардем ва ҳам мекунем. Дар китоби дарсии «Забони адабии ҳозираи тоҷик» ҷ. 1 гуфта мешавад, ки вожаҳое, ки
ҳарфҳои ҳалқии ъ, ҳ ва овози қ доранд, тоҷикӣ нестанд, онҳо ё арабиянд ё туркӣ-ўзбакӣ (ниг. саҳ 31).
Албатта, ҳ доштан ё надоштани моро калимаҳои деҳа, бидеҳ, даҳ, нўҳ, ҳамроҳ, коҳ, рубоҳ, моҳ, ҳам, ҳар, шоҳу шоҳномаҳо бозгў мекунанд. Инҳо ҳама бо ҳои ҳаваз навишта мешаванд, шояд муаллифон ҳо-и ҳутиро, ки дар алифбо ва талаффузу имлои забони муосири тоҷик нест, дар назар дошта бошанд. Вале мо ҳанўз идомабахши ҳамон тезиси боло ҳастем, ки мо «ҳ» ва «қ» надорем.
Фақат ба он хотир, ки забоншиносе ақидаи шахсии худро дар шакли тезиси боло пиёда сохту мо ҳамагӣ сар фуровардем: «ҳа, дуруст мо ҳарфи қ надорем».
Аслӣ - яъне чӣ?
Мо одат кардаем, ки калимаҳои аслӣ гуфта, рў меорем ба таърихи пешазисломӣ ва нишонаҳои вожаҳои аслиро аз Авасто меҷўем. Гўё дар ин 1400 соли давраи исломӣ ва баъдӣ бо таъсири забони арабӣ ва забони ҳамсоягон вожаҳои худӣ насохтаем ва бекор нишаста будем. Ҳол он ки мо бояд фаромўш накунем, ки забон моли ҷамъият аст ва он ба забоншинос ё мутахассиси таърихи забон тобеъ нест. Он бо роҳи худ меравад. Дуруст, мо талаффузи овози қ-ро аз араб омўхтем, вале минбаъд онро дар қатори дигар ҳарфу овозҳои забони тоҷикӣ мавриди истифода қарор додем ва аз рўи қонуниятҳои савтиву калимасозии тоҷикӣ калимаҳои нав сохтем, ки онҳоро метавон аслии тоҷикӣ номид. Яъне, вожаҳои аслии тоҷикии овози қ-доштаро на аз таърихи пешазисломӣ, балки дертар бояд ҷуст. Ҳамсадои бехизабонии қ, ки барои кўдакон гуфтанаш мушкилӣ меорад, бо таъсири қироати Қуръон талаффузаш пурра барои тоҷикон низ осон гашт.
Тақлид ё тасвир асоси базавии пайдоиши вожаҳо Вожаҳои тақлидӣ-овозӣ ё тасвирӣ асоси базавии пайдоиши калимаҳо дар ибтидо дар рўи замин мебошанд. Тасаввур кунед, масалан аввалин маротиба одам шаршараро дид ва аз рўи овозаш ба он ном гузошт. Ё одами ибтидоӣ наздик шудани палангро бо овозе ифода мекард, ки палангро тақлиду тасвир кунад. Мисли ҳайвоне, ки шабона чир-чир мекунаду ўро чичирак мегўем. Пас кӣ медонад, ки минбаъд инсоният кадом хусусиятҳоро ба назар гирифта, ба чизҳо ном ниҳодааст?
Баъди таҳлилу муқоисаи мисолҳои зиёд ба чунин хулоса омадем, ки махсусан вожаҳои тақлидӣ-овозӣ ва тасвирӣ, ки ҳарфи қ доранд, гарчанде ки баъдиисломиянд ҳамагӣ аслии тоҷикиянд. Ба таври дигар, вожаи тақлидӣ-овозӣ ё тасвирӣ бояд айнан тасвир ё тақлид шавад, аз ин рў он аз забони бегона буда наметавонад ва ин басо далели мўҳкам аст. Яъне, мо калимаҳои аслии тоҷикии на танҳо пешазисломӣ, балки баъдиисломӣ низ дорем.
Тақ-тақ мекардем ё так-так?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё