Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Оё як бор аз худ пурсидаем, ки тоҷикон дари якдигарро тақ-тақ мекарданд ё не. Агар мекарданд, пас мо ҳарфи қ доштем ва дорем.
Зеро тақ-тақ бе ҳарфи қ так-так мешавад, ки имрўз тамоман маънои дигар дорад. Дарро ҳатто тик-тик карда намешавад, зеро тик-тик хоси гаштани соат аст, ё тирезаро тик-тик мекунанд. Зиёда аз ин диққат диҳед ба номи парранда алошақшақа. Ин ном ба ин парранда, ки онро акка низ меноманд, аз рўи ду хусусият: зоҳирӣ ва овозӣ гузошта шудааст. Яъне, зоҳиран ало буда, бо нўлаш нидои шақ-шақ мебарорад.
Дар вожаи алошақшақа ҳам тасвир аст, ҳам тақлид. Аз ин рў бо овози баланд мегўем, ки вожаи алошақшақа тоҷикӣ аст, ки ҳарфи қ дорад.
Мисли ин вожаи қар-қар, хоси зоғ асту қур-қур, хоси қурбоқа ва қоҳқоҳ хоси хандаву қурсу қарс хоси дигар ашёст. Лақидан, лақ-лақ кардан, обро лақидани саг, лақаки (косаи) саг аз нидоҳои тақлидиву тасвирии тоҷикӣ пайдо шудаанд ва ҳамагӣ тоза тоҷикианд.
Қарсу қурту қуртак низ
Минбаъд нидои қарс аз тақлид ба калимасозӣ ворид гашта, тавассути пасванди –ак калимаи нав сохт, ки амалеро мефаҳмонад, аниқтараш номи амал, яъне қарсак. Нидои чир-чир низ бо пасванди – ак исми нав сохт. Пас ин нидоҳои тақлидӣ ва тасвирӣ чун вожаҳои аслӣ дар фонди луғавӣ маҳфузанд ва онҳо бойгарии забони моанд.
Қариб дар тамоми лаҳҷаҳои тоҷикӣ обро қурт кард, нонро қурт кард мегўянд ва он амалеро мефаҳмонад, ки аз хўрдан ва нўшидан фарқ дорад. Онро дар мавриди алоҳида фурў бурдан ба кор мебаранд.
Бояд гуфт, ки он аз феъли адабии фурў бурдан дида серистеъмолтар аст. Аз он бо пасванди ашёсоз ва сермаҳсули –ак исми қуртак, чизе, ки бо он қурт мекунанд сохта шуда, гулу ё махсус мавзеъ дар гулу фаҳмида мешавад. Минбаъд бо таъсири қ-и аввал к-и охир низ ба қ мубаддал гашта шакли қуртуқ-ро гирифт. Ва ҳеҷ мумкин нест, ки он тоҷикӣ набошад.
Шакар, суккар, қанд
Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» қанд арабӣ нишон дода шудааст, вале арабҳо онро суккарун низ мегўянд. Дар муштақоти арабӣ вожаҳои зиёди хориҷӣ ворид шуда, чун моли аъроб қаламдод мешаванд. Ин бузургии забони арабӣ аст. Шакари тоҷикӣ ё сахари русӣ низ ба калимасозии арабӣ ворид шуда, дар шаклҳои гуногун истифода шавад ҳам, он решаи ҳиндуориёӣ дорад. Чи тавре ки тиллои ҳиндӣ ва тоҷи тоҷикӣ ба арабӣ ворид шуду дар шаклҳои муталло (зарандуда), татвиҷу мутавваҷ (тоҷгузорӣ) боз ба мо пешкаш шуд.
Қапидан тоҷикист!
Вожаи қапидан, ки ҳарфи қ дораду онро одатан моли лаҳҷа меҳисобанд, на арабӣ аст ва на туркӣ-ўзбакӣ. Зеро арабҳо қапиданро масака ё маскун ва ўзбакон ушлаш мегўянд. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» феъли капидан (бе думча) ба маънии қапидан, рабудан тоҷикӣ нишон дода шудааст.

пешина
аз 161
навбатӣ