Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҷадвали табдилёбии ҳарфҳои пасизабонӣ ба қ Вожаҳои аслӣ Вожаҳои ҲарфҳоҲарфҳои табдилшуда и афтида табдилшуда капидан қапидан к -қ овкапак овқапак к -қ капакон қапқон а к -қ қуртак қуртуқ к -қ, а-у Кабад, Кубод Қубод а-у, к-қ Куҳандиз Қундуз ҳ, а к -қ, и-у кати қати к -қ хушранг қашанг р х -қ,у-а киштлох қишлоқ т к -қ, х-қ

Лаҳҷа нишонаи - зинда будани забон!
Чунин ба назар мерасад, ки аксар вожаҳои қ-дорро ба лаҳҷа партофта, аз истифодаи он ор мекунем. Таъкидан манъ мекунем, ки лаҳҷавӣ гап назанед! Аммо чӣ қадар олимон аз ҳисоби лаҳҷа рисолаҳои номзадиву духтурӣ ҳимоя карданд ва ҳам мекунанд. Мо тарафдори он нестем, ки шаклҳои вайроншудаи лаҳҷа мисли чо (куҷо), мун (ман), фурсодем (фиристодем), гуфсос (гуфта истодааст), рафтай (рафтааст), мерем (меравем) ба забони адабӣ ворид шаванд. Гап дар бораи инҳо нест. Гап перомуни луғат ва калимаҳои сермаъно аз лаҳчаҳо меравад, ки набудани онҳо дар забони адабӣ эҳсос мешаванд.
Аҷиб, чаро замбурўғе, ки аксарият истифода намекунад, адабӣ бошаду хоч (лаҳҷаи марказ), чамбуч (Айнӣ) ва чағора (Кўлоб), ки бештар истифода мекунанду мефаҳманд, адабӣ набошанд ва чун муродифот баробар истифода нашаванд? Ё чаро каҷбел, ки дар лаҳҷаи марказ бо номи русии лапотка маъруф аст, дар забони адабӣ роҳ наёбад? Чунин вожаҳо зиёданд ва онҳоро эҳё бояд кард.
Ҳуҷум ба лаҳҷа хуб нест! Зеро лаҳҷа нишонаи зинда будани забон аст. То вақте лаҳҷа ҳаст, забон зинда аст! То реша дар об аст, умеди самар аст. Бале, будани лаҳҷа маънои онро дорад, ки решаи забон дар об аст ва он нашъунамо хоҳад ёфт.
Лаҳҷа посдори калимаву таркибҳои таърихии забон аст. Маҳз лаҳҷа ҳаст, ки дар вожаҳои пайвасти хату чак, ҳангу фара, лоқу пўст, баҳру бар, карру фар вожаҳои аз истифода бозмондаи чак (ҳуҷҷат), ҳанг (зўр ва сарҳанг –сардори зўрҳо), бар (хушкӣ), фар (нур, шукўҳ) зинда боқӣ мондаанд. Дар Эрон ба лаҳҷа муносибати хубе доранд, то андозае, ки мафҳуми забони адабӣ қариб ҳис намешавад. Дар Русия низ кўшидаанд забони адабию гуфтугўии мардумиро як кунанд.

пешина
аз 161
навбатӣ