33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Мутаассифона, дар нашри нави фарҳанг калимаи қапидан ҳасту капидан партофта шудааст. Пас бо таъсири забони арабӣ капидан шакли қапиданро гирифтааст, ки ин дар забон ҳодисаи маъмулист. Чунончи Мароқанд ё Самарқанд, ки ҷузъи канд аслан тоҷикӣ буда, маънии шаҳрро дорад. Вожаи капидан низ на бо таъсири забони туркӣ, балки бо таъсири забони арабӣ ба қапидан мубаддал шудааст.
Асоси замони ҳозираи он – қап (яъне биқап)ва асоси замони гузаштааш қапид бо тамоми шаклҳои замонияш дар истифодаи умум қарор дорад. Мисли қапад, меқапад, қапида истодааст, қапида истед, шакли бавоситаи қапонд, сифати феълии қапида, қапидагӣ, қапиданӣ ва монанди инҳо. Аксари онҳоро нависандагон дар асарҳояшон чун вожаи адабӣ кор бастаанд. Монанд ба вожаҳои даводав, паропар, кашокаш, гирогир бо миёнванди –о- шакли қапоқап дар байни халқ маъруф аст. Чунончи: «Солҳои сиву ҳафт қапоқапи муллоҳо сар шуд».
Бояд гуфт, ки феъли қап дар забонҳои помирӣ низ вомехўрад. Дар лаҳҷаи Ҷануб овкапак коғази махсусеро гўянд, ки ранг ё оби болои саҳифаро меҷабад ва онро обчинак низ мегўянд.
Қапқон - қапакон
Вожаи қапқон низ аз асоси замони ҳозираи қап ба воситаи пасвандҳои –ак ва –он сохта шуда, яъне қапакон, чизе ки вазифааш қапидан аст, маъно дорад. Оҳиста-оҳиста бо таъсири қ-и аввал ҳарфи к-и охир қ шуд ва овоз а коҳиш ёфта, шакли қапқонро гирифт, ки дар луғатҳо туркӣ-ўзбакӣ нишон дода шудааст.
Дар хусуси вожаи қишлоқ кайҳо гуфтаанд, ки он аз ду унсур решаи кишт ва пасванди маконсози –лох сохта шудааст. Яъне, ҷои кишт. Воқеан, асоси пайдоиши қишлоқҳо ва мақсад аз онҳо кишту кор ва зироаткорӣ аст. Баъдтар аз рўи қонуниятҳои забон киштлох ба қишлоқ мубаддал гашт, ки ҳеҷ ҷои аҷобаташ нест. Ва онро ба қишлиқи туркӣ, ки маънояш ҷои зимистонгузаронӣ аст, омехтан нашояд. Ҳодисаи бадалшавии овозҳо дар забон маъмул аст ва ин ки киштлох қишлоқ шуда, на бегона, ки худӣ буд, боз худитар гаштааст.
Вожаи серистифодаи эрониён қашанг низ аз ду решаи тоҷикӣ хуш ва ранг, яъне хушранг ва Қундуз (шаҳр) аз ду реша куҳан ва диж (қалъа), яъне куҳандиж иборатанд ва ба ҳодисаи бадалшавӣ дучор шудаанд. Номи паҳлавони Эронӣ Қубод низ аслан кават, куват, кубад, яъне маҳбуб, барҳақ аст. Инчунин: кати – қати. Инҳо ҳамагӣ ба ҳодисаи бадалшавӣ дучор шудаанд.
Вожаи лоқ ба маънии либосу пўшок низ чун вожаи тоҷикӣ дар истифода аст ва аксар онро мефаҳманд. Калимаи қурутоб хўроки дўстдоштаи мову шумо низ дар асоси калимасозии тоҷикӣ сохта шудааст ва он тоҷикист. Аз калимаи арабии арақ исмҳои арақкунӣ, арақчин (тоқии шабпўшӣ) ва тоқӣ на тоқия бо унсурҳои тоҷикӣ вожаҳои тоҷикӣ сохта шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё