Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Манкурт якбора ҷаста, худро ба каноре кашид, телпаки сарашро маҳкам даст гирифт ва дигар ба сӯи модар нигоҳ накард. Модар пай бурд, ки дар бораи сари вай ҳеҷ гоҳ даҳон кушодан лозим нест.

Дар ин асно аз дур уштурсаворе намоён шуд, ки ба сӯи онҳо меомад.

— Вай кист? — пурсид Найман-Она.

— Вай барои ман хӯрок меорад,— ҷавоб дод писар.

Найман-Она ба ташвиш афтод. Жуань-жуани пайдошуда ҳанӯз ӯро надида, зудтар пинҳон шудан лозим буд. Модар уштури худро ба замин нишонида, худро болои зин бигирифт.

— Ба вай ҳеҷ чиз нагӯ. Ман зуд меоям,— гуфт Найман-Она.

Писар посухе надод. Барои вай ҳама баробар буд.

Найман-Она пай бурд, ки хато кардааст, аз мобайни галаи уштурон савора гузаштанаш хуб нашуд. Аммо дигар дер шуда буд. Жуань-жуане ки ба сӯи гала меомад, савори уштури сафедро ба осонӣ метавонист бибинад. Дар паси уштурони чаранда панаҳ шуда-панаҳ шуда, пиёда гурехтан лозим буд.

Найман-Она аз чарогоҳ хеле дур рафта, ба селгоҳи амике фаромад, ки дар атрофаш зич явшон руста буд. Оқмояро дар маҷрои селгоҳ ба замин хобонида, худ пиёда шуд. Ва аз ҳамин ҷо ба назора кардан шурӯъ намуд. Ҳа, тахминаш айнан тасдиқ шуд. Жуань-жуан ӯро дида будааст. Пас аз муддате уштури худро тозонида омад. Найза ва тиру камон дошт. Вай хеле ошуфта менамуд, чаҳор тарафро аз назар гузаронида, бо тааҷҷуб фикр мекард, ки савори аз дур дидааш бо уштури сафеди худ ба куҷо ғайб зада бошад? Намедонист, ки ба кадом сӯ биравад. Аввал тозон ба як тараф бирафт, пас ба самти дигар бишитофт. Бори охирин аз қарибии селгоҳ гузашта рафт. Хайрият, Найман-Она даҳони Оқмояро бо рӯймоле баста буд. Ӯ дар канори селгоҳ зери буттаҳои явшон пинҳон шуда, жуань-жуанро бо диққат аз назар мегузаронид. Вай савори уштури жӯлидамӯе буду пайваста ба атроф менигарист. Рӯяш варам карда менамуд, дар сар кулоҳи сиёҳи заврақшакле дошт, ки ду канораш ба боло кат шуда меистод. Аз пушти сараш кокули сиёҳи дутобае ҷило медод. Жуань-жуан дар рикоб қомат афрохта, найзаро омодаи кор нигоҳ медошт ва сар гардонида, чашмони дурахшонашро ба атрофу ҷавониб медӯхт. Вай аз лашкари душманоне буд, ки Сари

пешина
аз 293
навбатӣ