Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Озекро забт карда, мардуми бисёреро ба асорат бурдааст, ба сари хонаводаи Найман-Ана низ шӯру шари бешумор овардааст. Аммо як зани мушти пар бо ин сарбози хашмгини жуань-жуан чӣ кор метавонист кунад? Вай фикр мекард, ки зиндагонии ин тоифа ба чӣ тарикате мегузаштааст ва ба сари он чӣ ҳодисоте омадааст, ки оқибат ба чунин ваҳшоният ва бераҳмӣ овардаасту акнун аз вуҷуди ғуломону худ хушу ёди онҳоро мезудояд?..

Жуань-жуан ба ин сӯ-он сӯ уштур давонида ниҳоят ба сари гала баргашт.

Шаб фаро мерасид. Офтоб дар паси уфуқ пинҳон шуд, аммо шафақи он ба дашту хомун дергоҳе равшноӣ меафканд. Баъд ногаҳон ҳаво торик шуду шаб даромад.

Ҳамон шабро Найман-Ана дар қарибии писари бахтбаргаштаи манкурташ дар рӯи дашт ба танҳоӣ ба сар бурд. Аз баргаштан ба назди писар метарсид. Эҳтимоле буд, ки он жуань-жуан шаб дар пеши гала монда бошад.

Ва Найман-Ана қарор дод, ки фарзанди худро дар банди асорат нахоҳад монд, саъй хоҳад кард, то ӯро ҳамроҳи худ бигирад. Бигузор ки вай манкурт бошад, бигузор чизеро сарфаҳм наравад, аммо беҳтараш дар хонаводаи худ, дар байни одамони худ бошад назар ба он ки дар дашти хилват барои жуань-жуанҳо галабонӣ кунад. Амри дили модар чунин буд. Модар наметавонист ба тақдире тан бидиҳад, ки дигарон тан додаанд. Ӯ наметавонист пайванди ҷони худро дар асорат бимонад. Зоро ки дар диёри азиз аклу ҳумаш ба ҷояш баргардад, банохост айёми кӯдакӣ ба ёдаш бирасад...

Субҳи рӯзи дигар Найман-Ана боз ба Окмоя савор шуд. Дар зарфи ин шаб гала хеле дур рафта будааст ва ӯро лозим омад, ки масоҳати калонеро давр зада, онро аз нав пайдо намояд. Найман-Ана галаро диду даставвал бо диққат нигоҳ кард, ки мабодо яке аз жуаньжуанҳо он ҷо бошад. Вақте бовар ҳосил кард, ки касе нест, писарашро ном гирифта фарёд намуд:

— Жоламан! Салом, Жоламан!

Писар ба ӯ рӯ овард ва модар ниҳон шодмонӣ баланд кард, вале дарҳол фаҳмид, ки вай фақат ба тарафи садо рӯ овардааст.

Найман-Ана боз саъе ба кор бурд, ки хотираи маҳвгаштаи писарашро аз нав зинда гардонад.

— Номатро ба ёд биёр, бигӯ, ки исмат чист? — бо

пешина
аз 293
навбатӣ