Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
нақлҳои Елизаров гӯш кардан ҳаловат мебахшид. Ин хел одамон аҳён-аҳён вомехӯранд, инсони олиҷаноб гӯед, меарзад. Едигейи Бӯронӣ ӯро бисёр эҳтиром мекард, Елизаров низ ба ӯ меҳр баста буд. Ҳа, воқеан, ҳамон дарёи осмонӣ гоҳо ба фазои биёбони Сари Озек дар авҷи гармо ҳавои фароғатбахши серунро меорад. Меорад-меораду нохост аз чӣ сабабе аз қабати боло поён мефарояд. Поёнтар ки фаромад, ба пайкари муаззами кӯҳсори Ҳимолой бармехӯрад. Ҳимолой, албатта, аз ин ҷо дур аст, худо медонад, чӣ қадар дур аст, аммо агар ба миқёси кураи Замин чашм андозем, Ҳимолой ҳам тамоман наздик аст. Дарёи бод ба синаи Ҳимолой рафта, бармехӯраду пас мегардад; яъне то ба Ҳиндустону Покистон намемерасад. Он ҷо ҳаво чӣ хеле ки гарм бошад, ҳамон гуна мемонад. Баргашта ба осмони Сари Озек меояду дар ин ҷо тадриҷан паҳн мешавад, чунки биёбони Сари Озек ба мисли баҳрест, фазои кушоди бемонеаест... Ана ҳамон дарё аз Ҳимолой серунӣ меорад...
Ба ҳар ҳол, анҷоми тобистону оғози тирамоҳи ҳамон сол фасли хуше буд. Дар Сари Озек борон ҳодисаи нодирест. Ҳар як борон дергоҳе дар хотири одамон мемонад. Аммо он боронро Едигей то охири умр фаромӯш нахоҳад кард. Аввал рӯи осмонро абр пӯшид. Аз назар пинҳон шудани қаҳри ҳамеша мубаррою сӯзони осмони Сари Озек худ як рӯйдоди ғайримуқаррарӣ буд. Ҳаво дим ва нафасгардон шуд. Едигей он рӯз вагонҳоро васл мекард. Дар роҳаки сарбастаи канори дуроҳа се платформаи холӣ меистод. Сангрезаву шпалаҳои кочии онро рӯзи гузашта фароварда буданд. Ҳамеша ҳамин тавр: кореро «зуд, бетаъхир тамом кунед!» гуфта мефармоянду баъд маълум мешавад, ки ба шитоб кардан он қадар ҳоҷат набудааст. Платформаҳои холӣ як шабонарӯз дар роҳи сарбаста маҳтали қатор истоданд. Азбаски борфарориро таъчилӣ эълон карданд, ба ин кор ҳама якҷоя часпиданд: Қазонқоп, Абӯтолиб, Зарифа, Укубала, Букей ва ҳар каси дигар, ки аз назорати роҳи оҳан озод буд. Ҳаво бениҳоят гарм буд ва ҳама корро он вақт дастӣ анҷом додан лозим меомад. Аҷобат дар ин буд, ки омад-омади платформаҳо маҳз ба ҳамин гуна ҳавои гарм рост омад! Лекин чӣ илоҷ, зарур бошад, раво бошад. Ҳама баробар кор мекарданд. Укубаларо дил беҳузур шуду қай кард. Вай ба бӯи шпалаҳои тафсони қатронолуд тобу тоқат надошт. Ӯро ба хона

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё