Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

кӯмак кун! — фарёд кард ӯро кондуктор, ҷуссаи фаҳӯли худро аз болои зина овезон карда.

Едигей ба он сӯ шитофт ва наздиктар расида, аҳволи Абӯтолибро диду сахт тарсид. Вай аз сар то по барфолуд буда, ба андозае аз сармо шах шуда буд, ки лабашро ҷунбонида наметавонист. Дастонаш ҳаракат намекарданд. Ниҳолаки арча дар паҳлуяш ба замин мехобид, ки аз барои ҳамин шуда, қариб ба он дунё рафта буд.

— Бӯрониҳоро чӣ чин зад? Магар одам бо ҳамин сару либос ба сафар мебарояд? — коҳишомез ғур-ғур кард кондуктор. Дар ин айвонак бод чунон башиддат мезанад, ки сад ҷон дошта бошӣ, ҳамаашро рӯфта мебарад! Пӯстинама дихам гӯям, худам дар як зум шах шуда мемонам.

Абӯтолиб лабони худро навъе карда ҷунбониду гуфт:

— Мебахшед, ҳамту шуд-дия. Хона наздик, ҳозир гарм мешававам.

— Ман ба вай гуфта будам, — ба Едигей муроҷиат карда ғурунгос мезад кондуктор. — Ман пӯстин пӯшидаам, аз такаш либоси пахтагин, боз телпаку мӯзаи намадӣ дорам, бо вуҷуди он вагонҳоро то ба он қитъа бурда месупорам, ки ҷон ба лабам мерасад. Магар одам бо ҳамин сару либос ба роҳ мебарояд?

Едигей ҳиҷолотомез гуфт:

— Хайр, Трофим, кори ношуданӣ шудааст. Ташаккур ба ту. Бирав, ошно, роҳи сафед!

Едигей арчаро бардошт, ки қадаш баробари қади одам буд. Аз миёни сӯзанбарг бӯи бешазорони санавбар ба димогаш заду дилаш тах кашид: ҷангалзорони майдони ҷанг ба ёдаш расиданд. Ин гуна ниҳолакони арча он ҷо лак андак лак месабзиданд. Зери тасмачархи танкҳо монда нобуд мешуданд, гулӯлаҳо тарқида решакан месохтанд. Ба гӯшии хаёлаш намеомад, ки бӯи сӯзанбарги санавбарро шамидан ягон вақт ин қадар нашъа мебахшад.

— Рафтем, — гуфт Едигей арчаро ба китфаш гирифта ва ба Абӯтолиб нигарист.

Чеҳраи вай аз сармо карахт шуда буд, дар ду бари рухсораш қатра-қатра ашк ях баста буд, аммо аз зери абрӯвони сап-сафеди шӯша баста чашмонаш хушҳолона менигаристанду аз қаноатмандӣ ва фирӯзимаш гувоҳӣ медоданд. Баногаҳ Едигей бо ҳарос аз дил гузаронид, ки

пешина
аз 293
навбатӣ