Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ихтироъ кардан нахустин калимоте буд, ки ҳазорон сол инҷониб аз даҳон ба даҳон мегузарад.
— Отаяк! Отаяк! — худро ба ҳар сӯ андохта, дод мезад Эрмек. Вай аз зӯрзаниҳои бехуда суп-сурх шуда буд. Мӯи сараш парешон гашта, аз чашмонаш шавки беандозае хонда мешуд, ки мехоҳад ягон кори бағоят заруреро анҷом бидиҳад. Ва дар айни замон қиёфааш чунон ҷиддӣ буд, ки беихтиёр хандаи кас меомад.
Бидуни шубҳа, коре кардан лозим буд, ки бачаҳо ба муродашон бирасанд. Едигей тадбире андешид. То ин дам мӯзаҳо андак гарм ва нарм шуда буданд ва Абутолибро ранҷ надода, онҳоро кашида гирифтан мумкин буд.
— Ку, бачаҳо, биёед, аз паси ман нишинед, — гуфт Едигей. — Ҳозир паровозу вагон мешавему ҳамдигарро мекашем. Даул, ту миёни мана дор, Эрмек, ту аз миёни Даул бикап.
Абутолиб аз нияти Едигей пай бурда, қаноатмандона сар афшонид ва дар ҳолате ки аз ҳавои хунук ба хонаи гарм даромада, дар рухсораш қатраҳои ашк пайдо шуда буданд, табассуми фарохе кард.
Едигей дар рӯ ба рӯи Абутолиб нишаст, аз дунболи ӯ бачаҳо ҷой гирифтанд ва ҳангоме ки ҳама омода шуданд, Едигей даст ба мӯзаи Абутолиб бурд.
— Ҳа, бачаҳо, ку, ҳама баробар, як зӯр занем! Набошад қуввати ман намерасад. Ку, Даул, Эрмек, гирифтем, ҳа! Боз як бор, ҳа!
Бачаҳо дар қафо фишшос мезаданд, аз сидқи дил кӯшиш мекарданд. Зарифа чун ҳавохоҳи ҳама дар як сӯ рост меистод. Едигей чунон вонамуд мекард, ки кори ӯ бисёр мушкил аст ва ҳангоме ки як мӯзаро бароварданд, бачаҳо музаффарона наъра кашиданд. Зарифа дарҳол рӯймолаки пашмине оварда, панҷаи пои шавҳарашро молиш додан гирифт, вале Едигей ба ҳама рӯй оварда гуфт:
— Ҳой бачаҳо, ҳой оча! Ҳамин ҳам кор шуд? Мӯзаи дуввумро кӣ мекашад? Ё мемонем, ки падар як пояш лучу пои дигараш дар мӯзаи яхбаста гаштан гирад, а? Нағз мешавад?
Ва ҳама аз чӣ сабабе баробар хандиданд. Дуру дароз механдиданду рӯ-рӯи хона меғелиданд. Хусусан бачаҳо ва худи Абутолиб самимона механдиданд.
Кӣ медонад, эҳтимол, маҳз ана дар ҳамин лаҳзаҳо дар як ҷои бисёр дур аз дуроҳои Буронӣ номи Абутолиб

пешина
аз 293
навбатӣ