Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Қутлибоев боз дар рӯи коғаз пайдо шуд ва шахсони коғазро ба даст гирифта, дар асоси он бо ҳалли масъалае машғул шуданд, ки аз он на дар оилаи худӣ ӯ заррае огоҳ буданд, на дар дигар хонаводаҳои дуроҳаи Буронӣ. Ҳар дафъа ҳамин тавр фикр мекард Едигей Буронӣ баъдтар, пас аз он ки он ҳодисаи даҳшатангез ба вуқӯъ пайваст.

Мусибат баноҳот, чун балои осмонӣ даррасид. Лекин агар, фарз кардем, Едигей дар ин корҳо зиёдтар таҷриба медошт ё агар айӯртар мешуд, омад-омади балоро пай набарад ҳам, лоақал дар ягон гӯшаи дилаш ташвиши ноаёне пайдо мешуд.

Лекин, охир, барои ташвиш кашидан сабаб ҳам набуд. Ҳамеша дар охирҳои сол ба дуроҳа муфаттиши минтақа меомад. Вай аз рӯи ҷадвал ҳамаи дуроҳаҳо ва истгоҳҳоро пай ҳам дида мебаромад. Меомад, як-ду рӯз зиста тафтиш мекард, ки маоши коргаронро кай ва чӣ тавр додаанд, масолеҳро ба куҷоҳо сарф кардаанд ва ғайра ва ҳоказо. Сонӣ ҳамроҳи сардори дуроҳа ва боз ягон каси дигар аз ҷумлаи коргарон акти тафтишотро менавишту ба қатори роҳгузар савор мешуду мерафт. Дар дуроҳа чӣ ҳаст, ки дуру дароз тафтиш кунӣ? Едигей ҳам аҳён-аҳён акти тафтишотро имзо мекард.

Ин дафъа муфаттиш дар дуроҳаи Буронӣ се рӯз истод. Шабҳо дар хонаи навбатдорон мехобид, дар ҳамон иморате ки бинои асосии дуроҳа ҳисоб меёфт, телефону телеграф ва хоначаи сардор низ он ҷо буд, ки кабинеташ меномиданд. Сардори дуроҳа Абилов мокувор медавид, ҳар дам ба муфаттиш ҷои гарм мекашонид.
Он шахс дар сари коғазҳо менишасту пайваста тамоку дуд мекард. Едигей аввал гумон кард, ки шояд аз муфаттишони шиноси дерина бошад. Не, инаш ношинос баромад. Як марди айнакии сурхинаруе буд, дандонҳояш роғдору мӯи сараш мошубиринҷ. Дар чашмонаш гоҳ-гоҳ як нимхандаи маънодори аҷибе падидор мегардид.

Як бевақтии шаб онҳо бо ҳам вохӯрданд. Едигей аз поси худ бармегашт. Дид, ки муфаттиш дар назди хонаи навбатдорон дар партави фонус пасу пеш қадам мезанад. Гиребони пӯсти баррагинашро боло бардоштааст, дар сараш ҳамин гуна телпаки баррагин, дар чашмаш айнак, парешонхотирона тамоку мекашаду бо кафи мӯзаҳояш реги зери поро ғиҷиррос мезанонад.

пешина
аз 293
навбатӣ