Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

бисёр хунук буд. Худи ман ҳам он қадар гарм не, чунки риши ман аз торҳои яхин иборат. Қатор фақат ду дақиқа истод. Мана ҳамин мактубака навиштам ва барои шумо савғот мондам. Дар халтача себу чормағз ҳаст. Барои ҳар як бача якта себу дута чормағз. Аз ман наранҷед, кори ман ниҳоят мӯл. Ба назди бачаҳои дигар ҳам рафтан лозим. Онҳо маро мунтазиранд. Кӯшиш мекунам. Соли нави оянда ба наздатон чунон биоям, ки ҳамдигарро бубинем. Хайр, то боздид. Бобои барфии шумо, Аяз-ата». Э сабр кунед, ана дар ин ҷон мактуб боз чизе илова шудааст. Шитоб карда, норавшан навиштааст. Эҳтимол, қатор ба ҳаракат даромада бошад. Ҳа, ҳа, хондам, хонда тавонистам. Мана чӣ навиштааст: «Даул, ту сагчаи худатро назан. Як рӯз ту ба сараш бо калӯш задӣ, сахт гирья карда буд, ман шунидам. Лекин баъд овози гирьяаш набаромад. Аз афташ, ту ӯро дигар озор намедиҳӣ. Хайр, бо салом Аяз-атаи шумо». Сабр кун, дар ин ҷо боз чизе навишта шудааст. Ҳа, фаҳмидам: «Одами барфинатон ҷудо нағз баромадааст. Ману вай ба ҳамдигар даст дода, вохӯрӣ кардем. Офарин ба шумо!»

Бачаҳо хеле хурсанд шуданд. Ба суханони Бобои барфин дарҳол бовар карданд. Касе наранҷид. Фақат мунозира сар шуд, ки халтачаи савғотро кӣ мебардорад. Ин муамморо модарашон ҳал кард:
— Аввал даҳ қадам Даул мебарад, вай калонтар аст. Сонӣ даҳ қадам ту мебарӣ, Эрмек. Ту хурдтарӣ...»

Едигей ин нақлро шунида, аз тахти дил хандид.
— Ба ҷои онҳо мешудам, ман ҳам бовар мекардам, — гуфт ӯ.

Лекин рӯзона дар байни бачаҳо обрӯи амаки Едигей аз ҳама баландтар буд. Вай барои онҳо ҷанасаворӣ ташкил кард. Қазонкоп якта ҷанаи кӯҳнае дошт. Уштури Қазонкопро, ки ҷонвари ором ва ба ҳамут одат кардае буд, ба ҷана бастанд. Қаранорро ба ин гуна корҳо, албатта, роҳ додан мумкин набуд. Ҳамаи бачаҳо ба ҷана савор шуданду ба роҳ даромаданд. Ӯҳ, ӯҳ, чунон шӯру валвала бархост, ки... Едигей ҷанарон буд. Ҳама ба китфу бозӯи ӯ мечаспиданд, ки дар паҳлуяш бинишинанд. Ва ҳама бо як овоз илтимос мекарданд: «Тезтар ҳай кунед, боз тезтар!». Абӯтолиб ва Зарифа гоҳо оҳиставу гоҳ тозон аз паҳлу меомаданд ва дар ҷоҳои нишеб ба канори ҷана менишастанд. Аз дуроҳа тахмин ду километр дур рафта, дар болои теппае сари

пешина
аз 293
навбатӣ