Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
уштурро ба ақиб гардонданд ва аз баландии башаст фаромаданд. Уштури бечора хаста шуд. Барои дамгирӣ муддате қарор гирифтанд.
Рӯзи хушҳавое буд. Дар паҳнои дашти пурбарфи Сари Озек то ба ҷое ки нури чашму неруи гӯш мера-сид, сукути комил ҳукмфармо буд. Теппаҳо, ҳамвориҳо ва теғаҳои барфпӯши атроф асроромез метофтанд. Аз осмони биёбон нури ширранг ва ҳарорати нарме фурӯ мерехт. Насими фораме гӯшҳоро навозиш мекард. Аз пеш, аз роҳи оҳан қатори тӯлонии вагонҳояш суп-сур-хи қирмизӣ мегузашт. Кӯшапаровози сиёҳе онро каши-да мебурд. Аз дудбарои паровозҳо дуд ҳалқа-ҳалқа бар фазо печида, чанд сония муаллақ меистод, сипас оҳиста-оҳиста парешон ва ноаён мегардид. Паровози пешрав ба семафор наздик расида, дуру дароз буқ зад. Боз як бори дигар наъра кашида, аз омаданаш огоҳ кард. Қатори даргузаре буд он ва аз паҳлӯи се-мафор ва чанд хонаву кулбаи ки бо вуҷуди беқарории масоҳати атроф дар қарибии хатти роҳ дӯш ба дӯши ҳамдигар часпида меистоданд, гашти худро суст на-карда, гумбуросзанон гузашту рафт.
Ва боз дар ҳама ҷой сукунат ва оромӣ ҳукмрон шуд. Чизе ба назар намерасид, ки биҷунбад ё садое баро-рад. Фақат аз мӯрини кулбаҳои бӯрони дуди кабуде ка-шол шуда боло мерафт. Ҳама хомӯш буданд. Ҳатто ба-чаҳо аз сайру саёҳат ба ваҷд омада он лаҳза лаб фу-рӯ баста буданд. Зарифа бо овози паст, фақат ба шав-ҳараш шунавонида гуфт:
— Чӣ хел нағз! Ва... чӣ хел ваҳмангез!
— Рост мегӯӣ, — бо ҳамон гуна нимовоз ҷавоб дод Абутолиб.
Едигей сари худро нагардонида, бо гӯшаи чашм ба зану шавҳар назар афканд. Ба ҳамдигар хеле монанд буданд онҳо. Суханони бо овози паст, вале барало гуфтаи Зарифа ба қалби Едигей ҳузн оварданд. Вай банохост пай бурд, ки Зарифа ба ин кулбаҳо ва ба дуди ба фазо печандаи онон бо чӣ гуна дили пурғусса ва пурҳарос чашм медӯхтааст! Аммо Едигей аз кӯмак кардан ба онон оҷиз буд, зеро кулбаҳое ки дар канори роҳи оҳан ба паҳлуи ҳамдигар чафс шуда меистоданд, ягона сарпаноҳе буданд барои ҳамаи онон.
Едигей уштурро тозиёна заду ба роҳ андохт. Чана баргашта, ба сӯи дуроҳа равон шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё