Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Едигей аз ҷояш бархост. Телпакашро пӯшиду даме дудила шуда истод.
— Тақдири вай акнун чӣ мешавад? Оқибаташро мегӯям. Фақат барои ҳамин дафтарҳо одамро ҳабс меку-нед?

Лочинчашм часта аз сари миз бархост.
— Гӯш кун, ман ба ту боз як бор мегӯям: ин кори ту не! Душманро чӣ хел дастгир мекунанд, бо вай чӣ гуна муомила мекунанд ва чӣ ҷазое медиҳанд,— ҳамаи ин кори мо! Ту ташвиш накаш ҳам машавад. Роҳи ху-ду кори худата дон. Бирав!

Ҳамон рӯз шомгоҳон дар дуроҳаи Бӯронӣ қатори мусофиркаше бори дуввум қарор гирифт. Ин дафъа қа-тор ба самти муқобил мерафт. Фақат се дақиқа истод.

Дар наздикии роҳи якум ҳамон се нафар мӯзаи хромпӯшон, ки Абутолиб Қутлибоевро ҳамроҳи худ ме-бурданд, дар ҳавои нимторик мунтазири қатор меисто-данд. Каме дуртар аз онон, ки бо пайкари худ ҷуссаи Абутолибро паноҳ мекарданд, бӯрониҳо — Зарифа ва писарчаҳояш, Едигей ва Ӯкубала рост меистоданд. Сар-дори дуроҳа Абилов беист ин сӯву он сӯ қадам зада, ба як тарзи ночиз ва ноҷоя парешонҳолии худро намо-иш медод, чунки қатор назар ба ҷадвали ҳаракат ним соат дер мемонд. Абилов дар ҷое қарор гирифта, ором меистод, беҳтар буд, зеро дермонии қатор ба ӯ дахле на-дошт. Қазонқоп ҳам бо баҳонаи достонҳои аз хонаи Абутолиб ёфтшуда аз маросими истинтоқ гузашта буд. Вай он дам дар баромадгоҳи дуроҳа дар сари васлго-ҳи роҳҳо меистод ва мебоист бо дасти худ барои он қа-тор роҳ мекушод, ки Абутолибро ба ҷоҳои дуродур аз дашти Сари Озек мебурд. Бӯкей ҳамроҳи духтарчаҳои Едигей дар хона монда буд.

Се нафар мӯзаи хромпӯшон гиребони пальтоҳои худ-ро бардошта ва пайкари Абутолибро бо ҷуссаҳои худ паноҳ намуда, дар хомӯшии том рост-рост меистоданд. Бӯрониҳое, ки ба хайрбод гуфтан ба Абутолиб омада буданд, низ сукут меварзиданд.

Бод паст-паст хуштак мекашид ва барфи рӯи заминро хиш-р-хишир мерӯфт. Аз ҳаво бӯи бӯрон меомад. Дар осмони торику сарди Сари Озек пардаи зулмот торафт бештар доман мегустарид. Курси моҳ дар гӯшае, ба мисли лаккаи нимрангу танҳое падидор буд ва бо намуди ғамангезаш ба хузии осмон хузи меафзуд. Аз шиддати сармо чеҳраҳои одамон сӯзиш мекард.

пешина
аз 293
навбатӣ