Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Зарифа фик-фик мегирист. Дар даст гиреҳаке дошт, ки ба он либосу тӯшаи шавҳарашро баста буд. Укубала дам ба дам оҳи гарон мекашид ва аз даҳонаш фағонаи бухор баромада, пешопеши бод давида мерафт. Вай зери домани пӯстин Даулро паноҳ дода меистод. Даул, зоҳиран, чизеро пай бурда буд, ба тани холаи Укубала ҷафс шуда, сокит меистод. Эрмекро Едигей ба сари даст гирифта ва бо пайқараш аз ҳамлаҳои бод ҳифз мекард. Писараки хурдӣ ба чизе сарфаҳм намемерафт.
— Отаякам, отаяк! — фарёд мекард ӯ падарашро, — Ин сӯ биё, назди мо биё. Мо ҳам ҳамроҳат меравем.
Ҳар боре ки Абӯтолиб овози ӯро шунид, баданаш меларзид, ғайри ихтиёр ба ӯ рӯй оварда, дар ҷавоб чизе гуфтанӣ мешуд, аммо ба вай иҷозат намедоданд, ки ба ин сӯ нигоҳ кунад. Ниҳоят, яке аз он се нафар тоқат карда натавонисту бонг зад:
— Дар ин ҷо наистед! Ба шумо мегӯям! Биравед, аз ин ҷо, сонитар меоед.
Онҳо ночор ба канортар бирафтанд.
Инак, аз дур чароғи паровоз намоён шуд ва ҳама ба ҷунбиш омаданд. Садои гиряи Зарифа баландтар шуд. Акнун Укубала низ баробари ӯ мегирист. Қатор бори гарони фироқро бардошта меомад. Бо шӯълаи чароғи бузургаш пардаи ғафсу сарди торикиро дарида, ҷуссаи азиму тирафомашро аз миёни анбӯҳи туман бо гумбуроси салобатноке пеш кашида меомад. Ҳар қадар ки наздиктар биояд, чароғҳои шӯълавараш аз сатҳи замин ҳамон қадар баландтар мешуданд, шӯриши барф дар васати рельсҳо равшантар ба назар мерасид, садои чарҳу тупию бозувони паровоз баландтар мегардиду изтироби дилҳоро зиёдтар менамуд. Ниҳоят, тарҳи қатор аён гардид.
— Отаякам, отаяк! Нигоҳ кун, қатор омад! — фарёд мекашид Эрмек ва аз ҷавоб надодани падар ҳайрон шуда, хомӯш мегардид. Вале пас аз лаҳзаи боз диққати ӯро ба худ ҷалб карданӣ мешуд: — Отаякам! Отаяк!
Сардори дуроҳа Абилов, ки ҳамчунон давугеч карда мегашт, ба назди он се нафар омад:
— Вагони почта дар саргаҳи қатор. Марҳамат кунед, пештар, хо ба он ҷо бигзаред.
Ҳама бо шитоб ба самти нишон додаи ӯ равон шуданд. Қатор ҳам наздик мерасид. Пешопеши ҳама лочинчашми портфелдор ба пасаш нигоҳ накарда мерафт,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё