Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

дар рӯи амвоҷ сабук-сабук алвонҷ мехӯрд. Вай дар ҳамон ҷои пешинааш буд, дар масофаи баробаре дар роҳи ҳавоии байни Сан-Франциско ва Владивосток. Ҳамаи қитъаҳои киштии барномаи илмии байналхалқӣ хизмати худро бо шиддат идома медоданд ва омодаи амр ва амал буданд.

Дар саҳни киштии ҳавопаймобар машварати таъчилии комиссияҳои махсус оид ба таҳқиқи вазъияти фавқулоддае, ки дар асари кашфи тамаддуни ғайризаминӣ дар системи Хуршеди Дастгир ба амал омада буд, ба анҷом мерасид. Паритет-кайҳоннаварддони 2-1 ва 1-2, ки ҳамроҳи сокинони сайёраи ношинос худсарона сафар карда буданд, ҳанӯз дар сайёраи Пайкараи Чангалистон умр ба сар мебурданд ва аз тарафи Мармутидор ба василаи радиоалоқа бо қароргоҳи мадории «Паритет» се маротиба огоҳонида шуданд, ки то фармони махсуси Мармутидор нарасад, ҳеҷ гуна иқдоме пеш нагиранд.

Ин талаботи қатъии Мармутидор дар воқеъ на фақат нишонаи ошуфтагии мутахассисони соҳибхирад, балки гувоҳи он вазъияти бағоят мураккаби торафт тезу тундшаванда ва авҷи шиддати ихтилофот дар муносибати тарафайн буд, ки он ихтилофҳо метавонистанд ба хавфи тамоман қатъ шудани ҳамкорӣ ва ҳатто такобули ошкоро оварда расонанд. Барномаи «Демиург», яъне он чизе ба ҳамин қарибӣ тарафайнро ба манфиати иттиҳоди иқтидори илмию техникии давлатҳои пешдаст ба ҳам наздик месохт, дар назди бузургмуаммое, ки дар натиҷаи кашфи тамаддуни ғайризаминӣ ногаҳон пайдо шуд, аҳамияти пештараи худро якбора гум кард. Аъзоёни комиссияҳо фақат як нуқтаро равшан медиданд: ин кашфиёти бемислу монанд пояҳои ҷамоати муосири олам, кулли он чизеро ки дар шуури наслҳо дар бадали қарнҳо таълим ва талқин мешуду таркиб ва тарбият меёфт, яъне ҳамин маҷмӯи қоидаву суннатҳои зиндагонии ононро ба вартаи озмоиши куллӣ меафканд. Оё ба чунин иқдоми пурхатар кӣ метавонист ҷуръат бикунад? Ва ҳол он ки боз андешаҳои оид ба амнияти куллӣ куравӣ низ вуҷуд доштанд.

Ва дар ин марҳила, чунонки ҳамеша дар лаҳзаҳои бӯҳронии таърих мешуд, ихтилофоти асосии ду системаи гуногуни ҷамъиятӣ ва сиёсии рӯи Замин бо тамоми қувват зоҳир гардид.

пешина
аз 293
навбатӣ