Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Муҳокимаи ороми масъала ба мубоҳисаи ҷӯшон мубаддал гардид. Тафовути афкор ва ақида торафт бештар ба ихтилофи равияҳо бадал мешуд. Кор башиддат ба сӯи низоъ, ба таҳдидҳои тарафайн ва бархӯрдҳое мерафт, ки агар чунин муҳити носоз мабодо аз зери назорат барояд, ногузир ба ҷанги ҷаҳонӣ меовард. Бинобар ин ҳар яке аз тарафҳо дар зери хатари умумӣ ба ин тариқа инкишоф ёфтани воқеот мекӯшид, ки аз ифрот барҳазар бошад. Лекин боз як омили аз ин ҳам тавонотари худдорӣ вуҷуд дошт: агар хабари тамаддуни ғайризаминии тасодуфан ба рӯи олам паҳн мешуд, шуури бани-одам ба таркиш мерасид, ки ин ҳодисаи номатлуб, саҳеҳтараш, хатарноке мебуд. Касе зомин шуда наметавонист, ки оқибати чунин ҳодиса чӣ гуна хоҳад буд...

Ва, инак, ақлу хирад бартарӣ ёфт, тарафайн дар асоси мувозинаи комил созише ба даст оварданд. Ва ба ин муносибат радиограммаи Мармутидорро ба мазмуни зайл ба истгоҳи мадории «Паритет» роҳӣ намуданд:

«Барои кайҳоннавардони муфаттиши 1-2 ва 2-1. Шумо вазифадоред ба воситаи системаҳои робитаи «Паритет» бо паритет-кайҳоннавардони 1-2, 2-1, ки дар ҳудуди хориҷ аз Фалаки Офтоб, дар ситемаи ба ном Хуршеди Дастгир, дар сайёраи Пайкараи Ҷангалистон мебошанд, фавран радиоалоқа барқарор намоед. Онҳо бояд таъҷилан огоҳ карда шаванд: Мармутидор дар асоси хулосаи комиссияҳои муштараке ки ахбороти оид ба тамаддуни ғайризаминии кашфкардаи паритет-кайҳоннавардони 1-2 ва 2-1-ро таҳлил ва тадқиқ карданд, чунин қароре қабул мекунад, ки тағйир ё таҳрираш қатъиян мамнӯъ мебошад:

а) бозгашти паритет-кайҳоннавардони 1-2 ва 2-1 ба қароргоҳи мадории «Паритет» ва, аз ин рӯ, ба Замин ҳамчун ашхоси номатлуб барои тамаддуни Замин манъ карда шавад;

б) ба сокинони сайёрае ки Пайкараи Ҷангалистон ном доштааст, ҷавоби радди мо доир ба ҳар гуна робита бо онон эълон карда, иттилоъ дода шавад, ки ин амр ба таҷрибаи таърихӣ, манфиатҳои ҳаётӣ ва хусусиятҳои ҳозираи тараққиёти ҷамъияти инсонӣ дар рӯи Замин номувофиқ аст;

в) собиқ паритет-кайҳоннавардони 1-2 ва 2-1, инчунин сокинони сайёраи «Пайкараи Ҷангалистон», ки бо

пешина
аз 293
навбатӣ