Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
онон дар робита ҳастанд, огоҳ карда шаванд: барои барқарор намудани алоқа бо заминиён ва алалхусус барои дохил шудан ба фазоҳои назди Замин (чуноне ҳангоми ба қароргоҳи мадории «Паритет» дар мадори «Трамплин» омадани сокинони сайёраи Пайкараи Ҷангалистон ҳамин ҳол рух дода буд) ҳеҷ гуна кӯшише ба кор набаранд;
г) бо мақсади таҷриди фазои назди Замин аз нуфузи имконпазири аппаратҳои парвозии сайёраҳои ғайр Мармутидор ба тарзи таъҷилӣ таҳти унвони амалиёти «Ҷанбар» барқарор шудани Низоми фавқулоддаи байналафлоқиро эълон менамояд ва дар мадорҳои муайян ба парвоз даромадани як силсила робот-мушакҳои ҷангиро ба барнома мегирад, ки ҳар чизеро ки ба кураи Замин наздик меояд, бо шуоҳои ядрою лазерӣ сӯзонида маҳв гардонад;
д) ба маълумоти собиқ паритет-кайҳоннавардҳо, ки бо мавҷудоти сайёраи ғайризаминӣ робита бастаанд, расонида шавад: бо мақсади таъмини амният ва ҳифзи пояҳои созмони муосири сиёсию географии заминиён имконияти ҳар гуна робита бо онон истисно мешавад. Сипас барои қатъиян махфӣ нигоҳ доштани ҳодисаи ба вуқӯъ пайваста ва пешгирӣ намудани алоқаи тоза ё такрорӣ ҳамаи чораҳо дида хоҳанд шуд. Бо ҳамин мақсад мадори қароргоҳи «Паритет» фавран тағйир дода, рамз ва аломатҳои шартии каналҳои радиоалоқа аз нав тартиб дода хоҳанд шуд;
е) бошандагони сайёраи ғайр бори дигар аз хатари нуфуз ба минтақаи «Ҷанбар»-и атрофи кураи Замин огоҳ карда шаванд.
Мармутидор. Саҳни киштии ҳавопаймобари «Конвенция».
Мармутидор ин тадбирҳои ҳифозатиро пеш гирифта, водор шуд, ки ҳамаи барномаи «Демиург»-ро оид ба фатҳи сайёраи Икс ба муҳлати номуайян хобонад. Қароргоҳи мадории «Паритет» мебоист ба дигар параметри гардиш гузаронида, барои назорати ҷории кайҳонӣ истифода карда мешуд. Киштии ҳавопаймобари тадқиқотиву илмии «Конвенция», ки ба маблағи муштарӯк сохта шудааст, барои махфуз доштан ба Финландияи бетараф супорида мешуд. Баъди дар кайҳони дур ба кор даромадани системаи «Ҷанбар» ҳамаи гурӯҳу минтақаҳои хизмати паритетӣ, ҳамаи кормандони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё