Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
вале ҳар дафъа ба натиҷаи талхе меомаданд, ки дар ҳаволии системаи Офтоб на касе ҳасту на чизе ва на умуман осоре аз ҳаёт. Баъдтар ҷустуҷӯҳои худро фаромӯш мекарданд, ба ин гуна корҳо дигар дасташон намерасид. Байни ҳам созиш кардану ба ҳам зистан барояшон чандон осон набуд. Ҳамон қӯти лоямут низ бо заҳматҳо насибашон мегардид. Бисёриҳо фикр мекарданд, ки ин кори онон нест. Вале Замин ба сари худ ҳамчунон шиновар буд...
Ҳамаи он моҳи январ ҳаво сард ва серабр буд. Кас ҳайрон мешуд, ки ин қадар ҳавои хунук ба дашти Сари Озек аз куҷо меояд? Қаторҳо аз барфу яху сармо сап-сафед мешуданд, равғанхонаи чархи вагонҳо ях мебаст. Ҳатто цистернаҳои сиёҳи нафтро сап-сафеди барфолуд дидан ба назар ғалатӣ менамуд. Баъди фурсате қарор гирифтан дар дуроҳа дубора аз ҷой ҷунбидани қаторҳо ба осонӣ муяссар намешуд. Паровозҳои кӯша-кӯша муддати тӯлонӣ вагонҳоро ба пасу пеш такон дода, чархҳоро ба рельсҳо часпида мондаро базӯр ҷудо мекарданд. Ва ин гумбуросу шакарроси ба ҳам хӯрдани қисмҳои пӯлодини вагонҳо дар ҳавои софи сармогин то ба масофаҳои дуродур паҳн шуда мерафт. Шабонгоҳон бачаҳои бӯрониён аз ин гулгула тарсида, аз хоб бедор мешуданд.
Болои сӯхта намакоб, боз роҳи оҳанро барф зер мекард. Бод ба ҳар тарзе ки мехост, ҳукмравоӣ мекард. Соҳиби дашт гӯё ҳамин бод буд ва кас намедонист, ки ҳоло ҳозир аз кадом самт ҳамла хоҳад овард. Ба назари бӯрониҳо чунон мерасид, ки вай мехоҳад барфи оламро оварда, маҳз ба сари роҳи оҳан бирезад. Гӯё сар то сари дашт кофта мегашт, ки алҳол ба кадом қитъа, ба кадом гӯшаи роҳ нарасидааст ва ҳамин ки чунин ҷоеро дарёфт кард, дарҳол ҳуҷум меовард, бӯроне мехезонид. Едигей, Қазонқоп ва боз се коргари дигари роҳ гоҳ ба ин қитъа, гоҳ ба онаш ва боз ба ҷои аввала баргашта роҳ тоза мекарданд. Чигинаҳои уштурӣ нағз кор медоданд. Қабати гарони болоии барфтӯдаро ба чигина бор карда, ба канори роҳ мебароварданд, боқимондаашро дастӣ бел мекарданд. Едигей Қаранорро бераҳмона кор мефармуд, хурсанд буд, ки аз маврид истифода бурда, онро хаста намояд, майли ошӯбгарӣ ва арбадакориро дар вуҷудаш фурӯ бинишонад. Вай Қаранорро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё