Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамроҳи як уштури дар қувват бо вай баробар ба мола басту худ бар болои мола савор шуд. Едигей уштуронро дами мола ба рост гузошташуда қабати болои барфро бурида тӯда карда, ба каноре мебаровард. Дигар асбоби барфтозакунак набуд он вақтҳо. Нақл мекарданд, ки заводҳо барфрӯбакҳои махсус баровардаанд, локомотивҳо сохтаанд, ки бартфӯдаҳоро ба ду тарафи роҳи оҳан тела медиҳанд. Ваъда медоданд, ки пагоҳ-фардо аз ҳамин мошинҳо ба Сари Озек низ хоҳанд фиристод, вале ваъдаҳо ҷомаи амал намепӯшиданд.

Думоҳа гармои тобистон ҳамаро аз ҳол равонда бошад, акнун аз ҳавои сармогин нафас кашидан амри муҳол буд, чунин менамуд, ки ҳамин ҳоло шуши одам таркида, пора-пора мешавад. Бо вуҷуди он қаторҳо дар ҳаракат буданд. Ва кор кардан зарур буд. Риши Едигей расида баланд шуд, дар баъзе ҷоҳояш сафедӣ дамид. Чашмонаш аз камхобӣ варам карданд. Андомашро дар оина бинад, худаш метарсид: рӯяш ба поран чӯяне монанд буд.

Пӯстини нимтанаашро аз бараш дур намекард, аз болои он боронии брезентини кулоҳдоре ва ба пояш мӯзаи намадин пӯшида мегашт.

Бо ҳар кор машғул ғабошад ва ҳар қадар душворӣ ба сараш наояд, воқеаи Абӯтолиб Қутлибоев аз ёдаш намерафт. Едигей барои ӯ бисёр ғам мехӯрд. Ҳамроҳи Қазонқоп нишаста, фикр мекарданд, ки чӣ шуду ин ҳодиса рӯй дод ва оқибати он чӣ мешуда бошад. Қазонқоп бештар абрӯ гиреҳ карда, хомӯш менишаст ва худ ба худ фикр мекард. Боре ӯ гуфт:

— Ҳамеша аҳвол ҳамин буд. То ҳақиқат мекунанд, ки... Дар замонҳои қадим мегуфтанд: «Худо подшоҳ аст, аммо подшоҳ худо нест. Вай гоҳо намедонад, ки дарбориёнаш бо чӣ коре машғуланд, дарбориён намедонанд, ки амлокдорону андозгирон чӣ корҳое мекунанд». Ҳамеша аҳвол ҳамин буд.

— Э ба ту чӣ шуд? Ин хирадманда бинанд-а! — Едигей ӯро масхара мекард. — Линги подшоҳу дарбориён кайҳо аз осмон омада буд-ку! Гап дар ин не...

— Хайр, гап дар куҷо? — саволи баҷо дод Қазонқоп.

— «Дар куҷо, дар куҷо», — ошуфтаҳолона такрор намуд Едигей, аммо ҷавоб надод. Ва муддати дарозе

пешина
аз 293
навбатӣ