Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
ки аз паҳлуи қатор тозон мегузаштанд, чашм намеканданд, Зарифа ва Укубала ҳам дар кадом як мавзӯи худ сӯҳбати самимонае доштанд. Сонӣ ба магазинҳо даромаданд, дар хиёбонаки истгоҳ сайр намуданд, ба тамошои кино, ба сартарошхона даромаданд. Бачаҳо яхмос хӯрданд. Ҳодисаи аз ҳама ғалати ҳамин буд, ки ҳама якҷо ба Эрмек зӯрашон нарасид ва мӯйсари ӯро гиронида натавонистанд. Аз чӣ сабабе бошад, бача аз мошинаки сартарош метарсид. Ва он гоҳ, ба ёд овард Едигей, аз дари сартарошхона Абӯтолиб намоён шуд ва писаракаш худро ба оғӯши ӯ биандохт, вай ӯро ба канор кашида, ба синааш бифушурд ва ба мисли он ки аз устои сартарош ҳимояаш мекарда бошад, гуфт, ки онҳо боз андаке далертар шаванд, баъд дафъаи дигар боз меоянд ва ҳочат ба шитоб нест. Эрмек ҳанӯз бо ҳамон мӯи сиёҳу чингилаи модарзодаш гаштааст, фақат акнун бепадар мондааст...
Ва Едигеи Бӯронӣ боз як бори дигар, маротибаи чандӯме ба андеша рафта фаҳмидан ва ба худ шарҳ додан хост, ки чаро Абӯтолиб Кутлибоев ба яктарафа шудани кораш мунтазир шуда натавониста, аз олам бигузашт? Ва боз ба сари ҳамон ягона таъбири қобили қабул мерасид, ки ба дарди бедармони ҷудоӣ аз бачаҳояш тоб оварда натавониста, дил бохтааст. Фақат азоби ҳиҷрон, ки на ҳар кас қобил аст гаронии онро эҳсос намояд, фақат бими он ки писараконаш аз дидори ӯ маҳрум шуда, дар кадом дуроҳае дар гӯшаи биёбони хилвату беоби Сари Озек ба дасти тақдир вогузор шуданд, кори ӯро тамом кард. Охир ӯ на танҳо зиндагонӣ, балки як нафаси худро, ки бидуни он одамизод зинда нест ва дар як лаҳза риштаи умраш канда мешавад, дур аз фарзандон тасаввур карда наметавонист...
Едигей дар интизории Зарифа дар хиёбонаки назди истгоҳ рӯи хараке нишаста, боз дар ҳамин хусус фикр мекард. Онҳо шарт намуданд, ки Зарифа ба назди сардори истгоҳ барои гирифтани он коғаз мераваду Едигей ӯро дар ҳамин ҷо, дар болои харак мунтазир мешавад.
Рӯз пешин шуда буд, вале ҳаво вайрон буд. Осмони пасти пурабр ҳамчунон тирагун буд. Аз он ҷо ба рӯи кас дам ба дам чизе меафтод, ё зарраҳои барф буд он ё қатран борон. Боди рутубатомезе аз ҷониби дашт мевазид ва аз он бӯи барфи обшуда ба машом мерасид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё