Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Едигей худро нороҳат ҳис мекард. Баъзан ӯ ба издиҳоми одамон қати шуда, ҳамроҳи онон ҷунбуҷӯл карда гаштанро дӯст медошт. Худат ба ягон ҷои дур наравед ва коре надошта бошӣ ҳам, қаторҳоро тамошо мекунӣ, мебинӣ, ки чӣ тавр мусофирон аз вагонҳо шитобон мефароянд, ба ин сӯ он сӯи перрон телба-телба метозанд ва гӯё лаҳзаеро аз навори кино ба арсаи зиндагонӣ мекӯчонанд: ана худи ҳозир қатор омада истоду баногоҳ ғайб зад, бирафт.

Ин дафъа Едигейро ба ин ҳангома коре набуд. Вай медид, ки қиёфаи одамон аҷиб менамояд: андоми ҳама хаста ва лоқайдона метобад, гӯё онҳо аз дунё ва аз ҳамдигар дур шудаанд... Ба замми ин ба майдони назди истгоҳ аз радио оҳанги ғамангези якнавохте паҳн мешавад ва ба дилҳо ҳузн меовард. Аҷабо, ин чӣ мусиқие бошад?

Аз он лаҳзае, ки Зарифа ба бинои вокзал даромада рафт, тахмин бист дақиқа, ҳатто аз он зиёдтар гузашт. Ва дили Едигей ба ташвиш афтод ва ҳарчанд онҳо шарт карда буданд, ки ӯ Зарифаро дар ҳамин харак нишаста мунтазир хоҳад шуд, маҳз ана дар ҳамин хараке, ки дафъан гузашта ҳамроҳи бачаҳо ва Абӯтолиб нишаста, яхмос хӯрда буданд, бо вуҷуди ин қарор дод, ки аз дунболи Зарифа биравад ва бубинад, ки чаро дер мемонад.

Ва дар ин асно чашмаш ба ӯ афтод, ки аз дар берун меомад ва беихтиёр пайкараш ларзид. Зарифа аз издиҳоми даробарокунандагон бо қиёфаи лоқайдонааш, бепарвонаш ба атроф ва атрофиён фарқ мекард. Ранги рӯяш азони мурдаҳо барин сап-сафед буд. Гӯё дар хоб бошад, гӯё дар биёбоне танҳо бошад, ё худ нобиное бошад, ба касе ва ба чизе нигоҳ накарда ва барнахӯрда сари худро ба як тарзи хузнангез рост дошта ва лабонашро маҳкам фишурда пеш меомад. Едигей ба пешвозаш бархост. Зарифа хеле оҳиста, хеле ба сустӣ қадам мегузошт ва ба мисли он ки дар ҳақиқат ҳам дар хоб бошад, ба ин дараҷа суст гаштанаш ва нигоҳи беифодаи чашмонаш ҳавлангез менамуд. То наздик омадани ӯ гӯё муддати беҳадду ҳисоб тӯлоние бигузашт, гӯё замони дарозу дури тираву тор ва сармогини интизорӣ паси сар шуд. Ва ӯ коғазе дар даст, ки ба рӯи лифофаи ғафсаш, ба гуфти Қазонқоп ҳарфҳои чопӣ нақш баста буданд, наздик омаду лабонашро андаке боз намуда пурсид:

пешина
аз 293
навбатӣ