Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Ҷои нав... Андак калонтар шаванд. Аз Эрмек дилам он қадар пур не. Андак калонтар шаванд... Сонӣ мегӯям, то он вақт худашон ҳам кам-кам пай мебаранд. Аммо ҳозир не, наметавонам... Бигузор, ки танҳо худам дар азоб бошам... Ба хоҳару бародарони худам ва Абӯтолиб хат менависам. Акнун аз мо ҳазар намекардагистанд? Умед ҳаст, ба хатам ҷавоб мегардонанд, барои рафтан аз ин ҷо ёрӣ мерасонанд. Он тарафашро дида арз мекунем. Модом ки худаш нест, ақаллан бачаҳс-яшро калон кунам, дигар муроде надорам...
Чунин мегуфт Зарифа ва Едигей Бӯронӣ сокит ни-шаста гӯш медод ва маънои ҳар як калимаи ӯро ме-фаҳмид ва хуб медонист, ки ин суханон ифодаи фақат як зарраи хурд, фақат як қабати болои он туғёни аф-қору эҳсосотест, ки дар вуҷуди зан ба амал омадааст. Дар ин гуна мавридиҳо кас ҳамаи дарду алами худро баён карда ҳам наметавонад... Ва Едигей низ наме-хост, ки мавзӯи гуфтугӯ вусъат ёбад.
— Гапат маъқул, Зарифа, — гуфт Едигей. — Бача-мои туро ман ҳам медонам. Ба ҷои ту мешудам, ман ҳам ин гуна хабарро расонида наметавонистам. Кам-тар сабр кардан лозим. То ҷавоб навиштани хешу та-борат аз мо хотират ҷамъ бошад. Пештара барин ҳама ахлона зиндагӣ кардан мегирем. Ба қорат баро, бача-хо дар хонаи мо мешаванд. Худат медонӣ, Укубала он-хоро фарзандони худаш барин дӯст медорад. Он тара-фашро боз мебинем...
Зарифа оҳи вазнине кашида, боз гуфт:
— Зиндагонӣ як чизи бисёр мураккаб будааст. Як тарафашро бинӣ, ваҳм зер мекунад, тарафи дигараш хеле оқилона ба ҳам вобаста шуда рафтааст. Охири умр, ибтидо ва идомааш... Бовар кун, Едигей, агар ба- чаҳо намешуданд, аз зиндагонӣ даст мешустам. Рост ме- гӯям. Чӣ лозим ба ман ҳамин зиндагӣ? Лекин бачаҳо аз доманам маҳкам доштаанд, хотиррасон мекунанд, ки дар пеши онҳо қарзе дорам, вазифае дорам. Халосӣ ҳам дар ҳамин нуқта будааст, давоми умр ҳам. Даво- ми тираву талх бошад ҳам, ба ҳар ҳол давоми умр. Ман ҳатто на аз он лаҳза метарсам, ки онҳо ҳақиқатро хоҳанд дарьёфт, аз он лаҳза ҷои гурез нест. Ман аз оянда бими калоне дорам. Рӯзи сиёҳе ки ба сари пада- рашон омада буд, ба як гӯшаи дили онҳо ҳамеша соя хоҳад андохт. Дар ҳар маврид номи падар садди ро- ҳашон хоҳад шуд, хоҳ ба хондан ё ба коре даромаданӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё