Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

шаванд, хоҳ дар ягон соҳа худашонро ба ҷамъият манзур кардани шаванд... Ҳамин ки дар ин хусус ба андеша рафтам, ба назарам чунин менамояд, ки садди тавоное дар пеши роҳи мо қомат афрохтааст. Ману Абутолиб аз ин хусус дахон намекушодем. Ман ғами ӯро мехӯрдам, вай ғами маро. Аминам, агар вай зинда мешуд, писарони мо одамони хушгилу комёб ба воя мерасиданд... Мо аз ҳар гуна садамаҳо ва носозгориҳо ба олами худамон паноҳ мебурдем... Акнун намедонам, чӣ мешавад... Ман ҷои ӯро гирифта наметавонам... Чунки вай... вай дигар хел инсон буд... Вай ба ҳар чизе ки мехост, муваффақ мешуд. Мехост, ки дар вуҷуди фарзандонаш ҷойгир шавад, таҷАССУМ ёбад. Сабаби фавташ ҳам дар ҳамин — ӯро аз бачаҳояш ҷудо карданд ва ӯ маҳв шуд...

Едигей ба суханони ӯ бо диққат гӯш медод. Зарифа андешаҳои ниҳонииашро ба ӯ чун ба дӯсти наздик изҳор медошт ва ӯ аз самими қалб мехост, ки муносиби ҳамин ҷавоб гӯяд, Зарифаро ҳимоят кунаду кӯмаке бирасонад, аммо худро оҷиз ҳис мекард ва ин эҳсосот ӯро ноаён, дар замири дил хашмгин мекард.

Онҳо ба дуроҳаи Бӯронӣ наздик мерасиданд. Ин аз ҷоҳои шинос, аз нишонаҳои он қитъае маълум буд, ки Едигей Бӯронӣ тобистону зимистонҳои зиёдеро он ҷо паси сар кардааст...

— Тайёр шав, — гуфт ӯ ба Зарифа. — Наздик расидем. — Хулоса ҳамин, ки ба бачаҳо ҳеҷ чиз намегӯем. Гап якта. Ту, Зарифа, коре кун ки маълум нашавад. Ҳозир афту андоматро дуруст кун. Ба тамбур бирав. Дар пеши дар биист. Ҳамин ки поезд истод, саросема нашуда, аз вагон баро ва маро мунтазир шав. Сонӣ ҳамроҳ меравем.

— Ту чӣ кор кардани ҳастӣ?

— Ҳеҷ. Ин кори ман. Аз рӯи инсоф гӯем, ту ҳақ дорӣ дар ин ҷо аз қатор фуруд ой.

Қатори мусофиркаши рақами ҳабдаҳ чун ҳамеша аз дуроҳа бояд наистода мегузашт. Фақат дар қарибии семафор суръаташро андаке сусттар намуд. Маҳз ана дар ҳамин лаҳза — дар даромадгоҳи дуроҳаи Бӯронӣ қатор тормозҳояшро фишнос ва чархҳоро тақаррос занонида, қарор гирифт. Ҳама тарсида аз ҷоҳои худ ҷаста бархостанд. Сар то сари қатор садои хуштак ва доду фарёд баланд шуд.

— Чӣ шуд? Чӣ воқеа?

пешина
аз 293
навбатӣ