Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
— Мили тормозро кандаанд?
— Кӣ кандааст?
— Дар кадом вагон?
— Вагони купӯдор!
Едигей дари вагонро боз кард ва Зарифа ба замин фаромад. Худаш Саме мунтазир истод, то маъмури вагон ва роҳнамои қатор ба тамбур омаданд.
— Биист! Мили тормозро кӣ даст расонид?
— Ман, — ҷавоб дод Едигей Буронӣ.
— Худат кистӣ? Чӣ ҳақ дорӣ?
— Лозим буд.
— Ба чӣ лозим буд? Мехоҳӣ корат ба суд афтад?
— Ҳеҷ воқеа не. Ба актатон нависед, хоҳед ба суд диҳед, хоҳед ба идораи дигар. Мана ҳуҷҷатҳои ман. Нависед, ки собиқ ҷанговари фронт, коргари роҳи оҳан Едигей Чонгелдин мили тормозро тофта, қаторро дар дуроҳаи Буронӣ ба аломати азодорӣ дар рӯзи вафоти рафиқ Сталин нигоҳ доштааст.
— Чӣ? Магар Сталин вафот кардааст?
— Ҳа, радио эълон кард. Гӯш кардан лозим.
— Хайр, ин тавр бошад, масъала ранги дигар мегирад, — даступо гум карда гуфтанд он ду нафар ва ба рафтани Едигей монеъ нашудаанд. — Ин тавр бошад, бирав ба роҳат.
Баъди чанд дақиқа қатори рақами ҳабдаҳ сафари худро идома медод...
Ва боз қаторҳо аз шарқ ба ғарб мерафтанду аз ғарб ба шарқ. Аз ду самти роҳи оҳан дар ин ноҳия ҳамон биёбони асрҳои аср бекорхобида — биёбони Сари Озек, ё худ Миёнадаштҳои малларанги нопайдоканор тӯл мекашиданд.
Он вақтҳо аз Космодроми Сари Озеки 1 дар ин қарибиҳо ҳатто ному нишоне набуд. Шояд он дар нақшаҳои офаринандагони ояндаи парвозҳои кайҳонӣ тарҳ мегирифт.
Оре, қаторҳо аз шарқ ба ғарб мерафтанду аз ғарб ба шарқ...
Тобистону тирамоҳи соли панҷоҳу саввум пурмашаққаттарин айёме буд дар ҳаёти Едигей Буронӣ. На қабл аз он ва на баъд аз он ҳеҷ гуна барфтӯдаҳои сари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё