Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Баъди хонадор шудан Едигей дар баҳр бошад ҳам мехост, ки зудтар ба хона баргардад. Укубаларо дӯст медошт. Медонист ки чашми занаш ҳам дар роҳи ӯ чор аст. Барои Едигей беҳтар ва маҳбубтар аз занаш дигар зане набуд. Баъзан хаёл мекард, вай аслан барои ҳамин вуҷуд дорад, ки ҳамеша дар бораи занаш фикр кунад, неруи баҳр ва қуввати офтобро дар пайкари худ зарра ба зарра ғундораду баъд онро ба зани интизораш бибахшояд, зеро аз ин бахшоиш хушбахтии дуҷониба, гавҳари саодат тавлид меёфт. Ҳамаи дигар чизҳои зоҳирии саодати онҳоро, шавқу лаззати онҳоро аз атоҳои баҳр ва офтоб фақат мукаммалтар ва ғанитар менамуд. Ва рӯзе ки Укубала ҳис намуд, ки дар тани ӯ дигаргуние ба амал омадааст, даме пай бурд, ки обистан шудааст ва ба қариби модар мешавад, ба интизориҳои доимии одати мулоқоти пас аз бозгашт аз баҳр умедвории нахустин фарзанд илова гардид. Айёми софу беғаш буд он рӯзҳо дар рӯзгори онон.
Охири тирамоҳ, қабл аз оғози зимистон дар бари рӯи Укубала доғҳои базӯр аёни қаҳваранге пайдо шуданд. Шикамаш саҳле пеш дамида, ба назар намоён гардид. Рӯзе аз рӯзҳо аз шавҳар пурсид, ки алтын макра чӣ гуна моҳӣ будааст. Ба шунидан шунидаам, гуфт Укубала, аммо ягон бор надидаам. Едигей гуфт, ки ин моҳии басо ноёфтист аз зоти сагмоҳиҳо, дар ҷоҳои чуқури об мегардад, ҷуссааш ҳам хеле калон аст, лекин арзиши он бештар дар хуснаш мебошад: ранги худаш кабудҷатоби хол-хол бошад ҳам, сараш, болҳояш ва шонаву пушташ аз сар то нӯки дум тиллоранг аст ва ба мисли зари асл ба тарзи ҳайратангезе ҷило медиҳад. Аз ҳамин сабаб ҳам алтын макра, яъне макраи зарринаш мехонанд.
Баъди чанд рӯз Укубала гуфт, ки моҳии заррин ба хобаш даромадааст. Гӯё моҳӣ дар гирду атрофи ӯ шино мекардаасту Укубала онро доштанӣ мешудааст. Бисёр мехостааст, ки он моҳиро биқападу баъд раҳояш кунад. Лекин пеш аз сар додан ҳатман дар дасташ нигоҳ дорад, пайкари зарринашро навозиш кунад. Вай то ба андозае мехостааст он моҳиро ба даст бигирад, ки аз дунболаш таъқибкунон давидааст. Аммо дошта натавонистааст. Укубала аз хоб бедор шуда, дергоҳе изтироби худро фурӯ нишонида наметавонист, афсус мехӯрд, надомат менамуд, гӯё дар ҳақиқат аз ягон чизи муҳим номурод монда бошад. Укубала худашро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ