Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
худаш маломат кард, лекин баъдтар, дар бедориаш ҳам мехост, ки макраи зарринро ҳатман ба даст орад.
Едигей вақте ки тӯрхоро аз баҳр мекашид, дар ин хусус фикр мекард ва сонитар пай бурд, ки хоби занашро ва хоҳиши дар бедорӣ ҳам фаромӯш нашудаи ӯруруст таъбир карда будааст. Вай дарк намуд, ки ба ҳар тарзе ки набошад, бояд макраи зарринро ба даст оварад, зеро Укубалан ҳомиладор сарторик шуда буд ва он моҳии тиллогун талкаки ӯ буд. Чунин ҳолатро бисёр занони обистан аз сар мегузаронанд: дилашон ягон чизи турш, ё шӯр, ё бисёр талҳу тундро меҷӯяд, як тоифа занон мехоҳанд, ки гӯшти ҳайвони даррандае ё паррандаеро бирён карда бихӯранд. Талкаки занаш барои Едигей ғайричашмдошт набуд. Зани моҳигир бояд чизеро бихоҳад, ки ба касбу кори шавҳараш робита дорад. Ба вай худи худованд фармудааст, ки моҳии калони тиллогинро бо чашми худ бубинад ва дар кафи худ бидорад. Едигейро як вақтҳо гӯшрас шуда буд, ки дархости зани ҳомиладор муҷро нашавад, ба кӯдакӣ дар батнаш осебе метавонад бирасад.
Талкаки Укубала чунон чизи ғайриоддӣ буд, ки вай аз рӯирост эътироф кардан ибо менамуд, Едигей ҳам пурсупос карда нанишаст, зеро намедонист, ки доштани ин гуна моҳии нодир ба ӯ муяссар мешавад ё не. Вай қарор дод, ки аввал онро ба даст оварад ва он гоҳ муайян кунад, ки чизи дилхоҳаш ҳамон аст ё на.
Мавсими калони моҳигирӣ (авҷи он аз июл то ноябр) дар Баҳри Арал ба охир мерасид. Бӯи зимистон ба машом мерасид. Артел ба сайди зимистонӣ тайёрӣ медид. Ин сайди охирин буд ва дар ин фасл об дар гирдогирди баҳр ба масофаи якуним ҳазор километр ях мебаст ва моҳигирон қабати ғафси яхро шикаста, сӯрохҳо месохтанд ва тӯрхоро аз як сӯрох ба об сар дода, аз сӯрохи дигар ба воситаи чарх ва уштурони ба чархҳо басташуда — ин заҳматкашони беҳамтои дашту биёбон — кашида мегирифтанд. Баробари сар шудани сайди зимистонӣ шиддати бод ҳам меафзояд ва моҳии ба дом афтода ҳанӯз аз тӯр халос нашуда, ҳанӯз як-ду маротиба дум наҷунбонида, дар ҳавои кушоди сармогини баҳр дарҳол зиреҳи яхин мепӯшаду шах мешавад... Едигей бо артели худ чандин тобистону зимис-
1 Талкак — ғизо ё чизи дигаре ки занони обистан дар айёми «сарторик» шудани дилашон меҷӯяд (муаллиф).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ