Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

саҳифаи кушодашро ба сӯи даромадгоҳ нигаронидаанд...
«Конвенция». Хонед, чиҳо навиштаанд!
«Паритет». Ҳозир. Ин ҷо ду матн будааст, ба ду сутун ба англисӣ ва русӣ паҳлуи ҳам сабт шудааст...
«Конвенция». Мо гуфтем, ки хонед, гапро кашол накунед!
«Паритет». Сарлавҳа «Нома ба заминӣён». Дар қавсайн «тавзеҳнома» навиштаанд.
«Конвенция». Сабр кунед. Дигар нахонед. Сеанси алоқа қатъ мешавад. Мунтазир бошед, пас аз муддате боз шуморо даъват мекунем. Нигарон бошед.
«Паритет». Окей!
Дар ин ҷо гуфтушуниди байни истгоҳи мадорӣ ва Мармутидор бурида шуд. Шарикроҳбарони генералии Барномаи «Демиург» байни худ машварат карда, ба ҷуз ду нафар паритет-операторон дигар ҳамаро аз қитъаи робитаи кайҳонӣ берун бароварданд. Фақат баъди ин сеанси алоқаи дуҷониба барқарор гардид. Ва матни ба дафтари ёддошти «Трамплин» навиштан паритет-кайҳоннавардҳон маълум шуд:
«Ҳамкасбони мӯҳтарам! Мо истгоҳи мадории «Паритет»-ро дар шароити ғайриоддие ва ба мӯҳлати номуайяне тарк мегӯем ва тӯли ин мӯҳлат ба силсилаи томи омилҳое вобаста аст, ки он аз иқдоми дар собиқа беназири мо бармеояд ва аз ин сабаб эҳтимоле вуҷуд дорад, ки ин мӯҳлат бениҳоят тӯлонӣ бошад. Бинобар ин қарзи воҷиб медонем, кирдори худро шарҳ бидиҳем.
Мо нағз мефаҳмем, ки иқдоми мо, бешубҳа, на фақат ғайричашмдошт, балки аз назари интизоми оддитарин ҳам нораво пазируфта мешавад. Аммо воқеаи фавқулоддае, ки мо дар қароргоҳи кайҳонӣ дучораш омадем, воқеае ки амсоли онро дар саросари таърихи тамаддуни бани-башар ёфтан муҳол аст, моро имконе медиҳад то ба фаҳмиши илтифоткоронаи шумо умед бандем...
Чанде қабл аз ин мо дар миёни анбӯҳи радиоимпульсҳое, ки аз иҳотаи кайҳонӣ ва бештар аз ионосфераи замини худамон — аз ин муҳити пур аз галогулау ишколоти бепоён бармеояд, радиосигнали ҳадафдореро дар минтақаи сигналҳои борикбасомад тафовут намудем.
Басомади сигнал воқеаан бориктарини онҳо буд ва аз ин сабаб аз дигар сигналҳо фарқи қазоӣ дошт ва аз вучуди

пешина
аз 293
навбатӣ