Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
худу аз омади худ мунтазам, яъне ҳамеша дар вақту соати муайян ва доиман бо фосилаҳои яксон хабар медод. Аввалҳо мо ба он эътибор намедодем. Лекин вай боз ва боз аз нуқтаи муайяни Коинот пайдо шуда ва зимнан маҳз қароргоҳи мадории моро нишон гирифта, аз вуҷуди худ боисрор хотиррасон менамуд. Акнун мо яқин гуфта метавонем, ки ин радиомавҷҳои сунъӣ ба фазо пештар низ — қабл аз поси мо, ки поси саввум ҳисоб меёбад, равона мешуданд, чунки, охир, зиёда аз яку ним сол аст, ки «Паритет» дар мадори «Трамплин»
дар гӯшаи дуродури кайҳон қароргоҳ дорад. Чаро мо пеш аз дигарон ба сигнали мазкур таваҷҷӯҳ додем? Ба ин савол ҷавоб додани мо душвор аст, эҳтимол, сабаб дар тасодуф бошад. Ба ҳар ҳол мо ба ин чиз диққат дода, онро ба қайд мегирифтем, хосияту моҳияти онро меомӯхтем ва рафта-рафта, ба хулосае омадем, ки манбаи ин сигнал манбаи сунъист.
Ба чунин ақида тан додан барои мо осон набуд. Ва
дергоҳе шубҳа аз дили мо дур намешуд. Оё мо метавонистем фақат ба як амри воқеи радиосигнале, ки ба назари мо сунъӣ менамуду аз кадом як гӯшаи қаъри коиноти нопайдоканор мерасид, танҳо ба ҳамин як воқеият
такя намуда, аз вуҷуд доштани ҳаёт ва тамаддуни берун аз Замин харфе бигӯем? Охир мо хуб медонистем,
ки ҳамаи кӯшишҳои илм, ҳатто саъйҳои чандинкаратае,
ки ғаразашон хеле ва хеле маҳдуд буд ва мехостанд,
ки ақаллан дар сайёраҳои ҳамҷавор лоақал хурдтарин
нишони зиндагиро дар шакли оддитаринаш кашф намоянд, — ҳамаи ин ҷидду ҷаҳдҳо чунон ки маълум аст,
барабас рафтанд ва боиси ноумедиҳо гардиданд! Ҷустуҷӯи зоти бааклу баҳуш берун аз доираи Замин кори бесамар ҳисоб меёфт, баъдтар онро шуғли хаёлӣ мешумориданд, зеро бо мурури замон ва ҳар чи бештар тадқиқ
шудани фазои кайҳон эҳтимоли кашфи аломатҳои зиндагонӣ ҳатто аз ҷиҳати соф назарӣ ҳам торафт камтар
мегардид ва метавон гуфт, ки рафта-рафта ба дараҷаи
нестӣ бирасид. Бинобар ин мо ба изҳори доштани фарзияи худ ҷуръат намекардем. Ба ақидаи сартосари ҷаҳон
маъмуле ки мегӯяд зиндагонӣ чун падидаи хориқулоддаи биологӣ танҳо дар рӯи Замин вуҷуд дорад ва ба
худ дигар ҳамтое ва назире надорад, — ба ин ақида мо
мухолифат кардан намехостем. Ва низ худро вазифадор
намедонистем, ки оид ба иштибоҳи хеш бо касе машварат биорем, чунки ба барномаи фаъолияти мо дар кароргоҳи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё