Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ки таҷрибаи тамаддуни хориҷ аз Замин барои инсоният чӣ хоҳад овард: хайр ё шар? Мо хоҳем кӯшид, ки мушоҳида ва мулоҳизаҳоямон айналяин бошанд. Ва агар мо эҳсос кунем, ки кашфиёти мо ба Замини мо хатаре ё кулфате хоҳад овард, мо савганд ёд мекунем дар он сурат зиндагии худро ба тарзе анҷом диҳем, ки ба сари Замини мо озоре нарасад.

Ва боз як нуктаи охирин. Мо видоъ мегӯем. Мо аз тирезаҳои қароргоҳамон Замини худро аз каноре назорат мекунем. Вай дар баҳри зулмоти коинот чун алмоспорае нурфишонӣ мекунад. Ранги нилобии Замин бағоят зебо ва дилрабост ва зодгоҳи мо аз ин ҷо ҳамчун сари кӯдаки навзод заифу нозук метобад. Аз ин ҷо ба мо чунин менамояд, ки ҳамаи одамоне, ки дар рӯйи дунё зиндагонӣ мекунанд, хоҳарон ва бародарони моанд ва мо зиндагии худро бидуни онҳо тасаввур карда наметавонем ва ҳол он ки мо медонем, ки дар худи рӯйи Замин аҳвол чунин нест...

Мо ба кураи арз падруд мегӯем. Баъди чанд соат мадори «Трамплин»-ро тарк мекунем ва дере нагузашта Замин аз дидаи мо берун меравад. Ғайризаминиён — сокинони Пайкараи Ҷангалистон кайҳо ба роҳ баромадаанд. Ҳоло ба мадори мо наздик мешаванд. Ҳамин ҳоло ба қароргоҳи мо хоҳанд расид. Пас аз чанд соати дигар. Дигар мӯҳлати ночизе боқӣ мондааст. Мо мунтазирем.

Ва боз як чиз. Мо барои оилаҳои худ нома навиштаем. Аз ҳамаи шумо илтимос дорем, ки ҳар кас ба ин кор дахл дошта бошад, номаҳои моро ба соҳибонашон бирасонанд.

P. S. Ба маълумоти онҳое, ки ба ҷои мо ба «Паритет» меоянд. Дар дафтари ёддошт мо канали доду гирифти сигнал ва басомади мавҷҳои радиоро нишон додаем, ки бо ёрии онҳо бо ғайризаминиён робита барқарор карда будем. Зарурат биафтад, мо ба василаи ин канал бо шумо алоқа мебандем ва ахборот мерасонем. Аз муколамаҳои радиоӣ бо ҷангалистониҳо ҳамин қадар равшан шудааст, ки асбобҳои истгоҳи мадорӣ ягона воситаи мусоид аст, зеро радиосигналҳое ки аз Коинот бевосита ба Замин фиристода мешаванд, ба монеаи рафънашаванда — қабати тавонои ионии атмосфераи атрофи Замин бархӯрда, ба рӯи Замин расида наметавонанд.

Вассалом. Мо ба роҳ мебароем. Алвидоъ.

пешина
аз 293
навбатӣ