Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

гашта наметавонад. Андешаи Едигей ҳам дуруст буд. Ба дидани Едигей хешу табори Укубала омаданд. Онҳо талаб мекарданд, ки зану шӯ ба овули мо биоед. Муддате дар даштҳои мо, дар пеши рамаҳо зиндагонӣ мекунӣ, мегуфтанд ба Едигей. Ҳамин ки танат андак қувват гирифт, бо ягон кор машғул мешавӣ, гӯсфандчаронӣ аз дастат меояд... Едигей арзи миннатдорӣ мекарду розӣ намешуд. Дар замири дил ҳис мекард, ки ба онҳо сарборӣ мешавад. Дар хонаи хешовандони зан ду рӯз, се рӯз меҳмон шудан мумкин. Аз дастат ягон кор наояду аз ин зиёд бимонӣ, малол мерасад.

Ва Едигею Укубала қарор доданд, ки таваккал гуфта, ба роҳи оҳан ба кор бираванд. Наход барои Едигей ягон кори муносиб ёфт нашавад, мегуфтанд онҳо байни худ. Дар гӯшае ё дидбон ё посбон таъин мекунанд, ё мефармоянд, ки вазифаи ту дар фалон гузаргоҳ кушодану пӯшидани шлагбаум аст. Наход ба маъюби ҷанг дасти мадад дароз накунанд?

Баҳорон буд, ки ба роҳ баромаданд. Ҳар ду ҷавон буданд, дасту пояшон ҳанӯз озод буд. Аввалҳо дар истгоҳҳо шабро рӯз мекарданд. Аммо кори муносиб ҳамчунон ёфт намешуд, ки намешуд. Масъалаи сарпаноҳ аз он мушкилтар буд. Дар ҷои ростомада хоб мекарданд, ҳар гуна супоришҳои тасодуфиро дар роҳи оҳан иҷро мекарданд. Ҷавонзани бақувват будани Укубала кор медод, қисми зиёди корро вай ба сомон мерасонид. Едигейро, ки зоҳиран марди солим менамуд, ба фаровардан ва бор кардани ҳар хел борҳо киро мекарданд, аммо корро Укубала мекард.

Ана ба ҳамин тариқа рӯзе аз рӯзҳои мобайни фасли баҳор онҳо ба истгоҳи бузурги Қумбел афтоданд. Қорашон ангиштфарорӣ буд. Вагонҳои пур аз ангиштро бо роҳҳои эҳтиётӣ ронда, рост ба ҳавлиҳои паси депо меоварданд. Дар ин ҷо ангиштро аввал ба замин мерехтанд, то ки платформаҳо зудтар холӣ шаванд. Сонӣ онро ба занбаргалтакҳо кашонида, боло мебароварданд ва аз ангишт хонаҳо барин теппаҳои калон-калон месохтанд. Хулоса, ангишти яксоларо захира мекарданд. Ин кори басе вазнин ва сиёҳу чиркине буд. Аммо чӣ илоҷ? Зиндагӣ кардан лозим. Едигей бо бели калон ба занбаргалтак ангишт мепартофт. Укубала аробачаро рӯй-рӯи тахтаҳо тела дода, боло мебаровард ва дар он ҷо холӣ карда бармегашт. Боз Едигей занбаргалтакро пур мекард ва боз Укубала бори гарони аз

пешина
аз 293
навбатӣ