Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳадди тавони зан берунро мисли аспи хастаи боркаш зӯр зада боло мебаровард. Ҳаво торафт гармтар мешуд ва аз ин гармо ва аз чанги ғализи ангишт Едигей нафастанг шуда, дилаш беҳузур мегардид. Ҳис мекард, ки дигар маҷоли ҷунбидан надорад. Мехост, ки худро ба замин, ба рӯи ангишттӯда андозад ва дигар ҳеҷ гоҳ аз ҷой барнахезӣд. Вале аз ин ҳам бештар вай аз он азоб мекашид, ки занаш дар миёнаи абри гарди ангишт нафасгардон шуда, бояд кореро анҷом бидиҳад, ки он дар асл кори ӯст. Машаққати бузурге буд барои ӯ дидани ҳоли занаш: Укубала сар то по оғуштаи хокаи ангишт буд, фақат сафедаи чашм ва дандонҳояш аранг-аранг ба назар мерасид. Аз сару рӯяш чӯйчаҳои сиёҳи оби ангиштолуд ҷорӣ шуда, ба гардану сина ва тахти пушташ метаровид. Агар дар тани Едигей қувваи пешинааш мешуд, магар мегузошт, ки занаш ба чунин ҳоле бирасад? Даҳ вагони ин ангишти зормондаи лаънатиро яккаву танҳо мекашонд, то азоби занашро набинад!

Онҳо овули худ, овули бекасмондаи моҳигирон Чонгелдиро видоъ мегуфтанд ва дар дил умеде доштанд, ки барои Едигей, барои ин ҷанговари маҷрӯҳ ҳам ягон кори муносиб ёфт мешавад. Аммо онҳо намедонистанд, ки ҳама ҷо, ҳама гӯшаи диёр аз ин гуна фронтиёни ярадор пуропур гаштааст. Ва ҳамаи онҳо мебоист аз сари нав ба зиндагонӣ одат бикунанд. Хайрият, Едигей дасту пои бутун дошт. Чӣ қадар маъюбу маслуқҳо — мардони бе пой, бедаст багаласою похони чӯбинашонро кашола карда, дар истгоҳҳо ва қаторҳои роҳи оҳан мегаштанд. Гоҳо Едигей ва Укубала дар бинои аз одам моломол ва бадбӯи истгоҳе аз канорае ҷой гирифта, шабҳои дарозро рӯз мекарданду Укубала дар дил ба даргоҳи худованд шукрона мегуфт. Сипосгузорӣ мекард, ки шавҳараш зинда мондааст, мана дар паҳлуяш нишастааст ва ҷанг ӯро, хайрият, ба андозае маъюб накардааст, ки дигар бедавою бедармон бошад ва диданаш барои кас даҳшаттовар бошад. Манзарае ки Укубала дар истгоҳ медид, ӯро азият медод ва ба даҳшат меандохт. Одамони бепо, бедаст, шикаставу маслуку сар то по пур аз осори захму садамаҳо шинелҳои фарсуда, либосҳои дарида дар бар, савори аробачаҳо ё асо дар бағал мегаштанд, ё нобиноҳое, аз паси асокаши худ мехазиданд, одамони бесарпаноҳ ва бехонумоне ки истгоҳҳо ва қаторҳоро пур кардаанд, худро ба ошхонаҳо ва буфетҳои роҳи оҳан зада, фазоро аз фарёдҳои мастона ва гирьяву

пешина
аз 293
навбатӣ