Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
чанд дона бел гирифтаанд). Сонӣ чуқури қабрро экскаватор меканад, аммо лаҳадро, ки дар урфият казанак мегӯянд, боз дастӣ хоҳанд кофт. Ҳамин тавр кунанд, кор зудтар ва хубтар анҷом меёбад.
Инак, силсилаи ҷанозабарон бо ҳамин ният дар дашти Сари Озек роҳ мепаймуд. Гоҳ дар сари теппаҳо намоён мешуд, гоҳ дар пастхамиҳо ноаён шуда мерафт ва боз пас аз муддате дар паҳнои дашт ба назар мерасид: пешопеши ҳама Едигеи уштурсавор, аз дунболи ӯ трактори аробачадор ва аз паси он экскаватори «Беларусь», ки дар пеш скрепери хоккан дошт ва дар қафояш хокандоз ва намудаш аз дур шакли кадом як ғамбускеро ба хотир мерасонид.
Едигей бори охирин ба сӯи дуроҳа назар афканд, ки ҳоло аз чашм тамоман пинҳон гашта буд. Назар афканду саги кирмизимӯяш Чӯлбарсро дид, ки бо ҳавсалаи том лӯк-лӯкунон аз паҳлӯи трактор медавид. Едигей тамоман маҳву мот шуд. Тавба, вай ба онҳо кай ҳамроҳ шуда бошад? Вақти аз Бӯронӣ баромаданашон набуд-ку. Агар медонист, ки ин хел нағма мебарорад, ба занҷир мебаст. Муғамбира бинед-а! Ҳар дафъае ки ба Қаранор савор шуда, ба ягон тараф азми сафар кардани Едигейро пай бурд, хилае сохта, худро ҳамроҳ мекунад. Мана ҳозир ҳам аввал ному нифонаш набуду банохост гӯё аз таки замин пайдо шуда монд. Э хайр, ҳаволаш ба худо, аз дил гузаронид Едигей. Акнун дер шудааст, ба хона пеш кардан фоида надорад. Аз барои саг фурсатро аз даст додан ҳам нағз не. Бигузор омадан гирад. Чӯлбарс гӯё аз андешаҳои соҳибаш огоҳ шуда бошад, тозон аз трактор пеш гузашт ва аз паҳлӯи Қаранор рафтан гирифт. Едигей ба сӯи вай дасти тозизёнаро таҳдидомез афшонид. Аммо саг ҳатто гӯшашро начунбонид. Дер шудааст, гӯё мегуфт, вай, аз таҳдид дигар суде нест. Хайр, вай аз дигарон чӣ ками дорад, ки ба ин сафар ҳамроҳ намешудааст? Синаи фарох, гардани пурқуввати сермӯй, гӯшҳои бурида ва чашмони нигоҳашон андешаманду ороме дорад ва, метавон гуфт, як саги хушрӯи чаҳор кас медидагист...
Дар роҳи Она-Байт ба сари Едигей ҳар гуна андешаҳо меомаданд. Вай офтобро медид, ки дар уфуқ баланд шуда, мисли ҳарвақта мурури айёмро хотиррасон мекунад ва беихтиёр айёми гузашта, зисту зиндагонии худро ба ёд меовард. Рӯзҳоеро ёд мекард, ки Казон-копу вай ҳанӯз ҷавон буданд, бӯзбалаҳои бақувват буданд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё