Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 4. НИЗОМИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ

  1. Ҷамъ овардани маълумоти ҳама стратегияҳо ба стратегияи ягонаи умумӣ. Таҳияи барномаи мақсаднок ва бисёрҷонибаи амалиёти аниқ ба дурнамои стратегии таъйингардида;

  2. Татбиқи стратегияи умумӣ аз рӯи муқаррароти низоми стратегӣ ва ба воситаи барномаи умумии тактикии ташкилот (яъне низоми бизнес-нақшаҳои тақтикӣ ва қарорҳои идоракунии фаврӣ);

  3. Назорати стратегӣ ба ҳайси ҳамоҳангсозии умумии раванд ва ҷузъҳои низоми идоракунии стратегии ташкилот.

Дар доираи модели номбурда менеҷменти стратегӣ ҳамчун раванди бефосила ва ҷараёни динамикии инкишоф ба шумор меравад. Барои татбиқи фаъолияти оқилонаи идоракунӣ ва махсусгардонидашудаи тахассусӣ дар тамоми сохтори ташкилот ба таври муносиб тақсим карда мешавад. Дар ин замина менеҷменти стратегӣ ба раванди идоракунии тағйироти стратегӣ мерасад ва самаранокии менеҷменти стратегӣ бошад, ба самаранокӣ ва хусусияти хоси дигаргуншавии стратегӣ мувофиқ аст.

4.3. УСУЛҲОИ ИЛМӢ ДАР МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ

Усул ва нуқтаҳои назар дар менеҷменти стратегӣ

Самаранокии менеҷмент, пеш аз ҳама, дар асосноккунонии ҳалли муаммоҳои услубӣ муайян карда мешавад. Бе назарияи хуб таҷриба намудан аз имкон берун аст. Таҳлили назария ва таҷрибаи идоракунии иқтисодии объектҳои гуногун имконияти муқаррар намудани зарурати истифодаи нуқтаҳои назари илмии зеринро ба менеҷменти стратегӣ пеш меорад: низомӣ, маҷмӯӣ, ҳамгироӣ, маркетингӣ, функционалӣ, динамикӣ, такрористеҳсолӣ, равандӣ, меъёрӣ, миқдорӣ, маъмурӣ, рафторӣ, вазъиятӣ. Ҳар яке аз усулҳои номбаршуда яке аз ҷиҳатҳои менеҷментро тавсиф ва ё инъикос менамоянд. Онҳо синоними якдигар набуда, якдигарро такрор намекунанд.

Муносибати сохторӣ. Дар муносибатҳои сохторӣ (таҳлили система) ҳар як система (объект) маҷмӯи алоқамандии ҷузъҳо, баромад (мақсад), воридот, алоқа бо муҳити беруна, алоқаи баргардандаро доро мебошад. Усули системавӣ ба проблемагузорӣ ва таҳияи стратегияи самаранок ва омӯзиши онҳо мусоидат мекунад.

Принсипҳои муҳими муносибати сохторӣ инҳоянд:
• раванди қабули қарор бояд аз нишон додан ва таҳияи аниқи мақсадҳои муайян оғоз гардад;
• бояд проблема ҳамчун воҳиди ягона баррасӣ гашта, оқибатҳо ва алоқамандиҳои ҳар як қарори инфиродӣ нишон дода шаванд;
• зарурати муайян намудан ва таҳлили имкониятҳои алтернативӣ бо роҳи ноил шудан ба мақсадҳо;

пешина
аз 469
навбатӣ