Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
мақсадҳои зернизоми алоҳида на бояд дар ихтилоф бо мақсадҳои тамоми сохтор қарор бигиранд;
• аз хулосаи назариявӣ гузаштан ба хулосаи муайян;
• ягонагии таҳлил ва ҷамъбасткунии мантиқӣ ва таърихӣ;
• муайян намудани алоқаҳои гуногун ва ғайра.
Муносибат нисбат ба ҳолат — истифодаи усулҳои ба ҳолатҳои мавҷуда ҷавобгӯ ва мутобиқшуда ба онҳо.
Усули маҷмӯӣ. Ҳангоми истифодаи усули маҷмӯӣ ҷиҳатҳои техникӣ, экологӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ, равонӣ, дар зарурат дигар усулҳо (масалан, сиёсӣ, демографӣ) низ дар алоқамандӣ ба назар гирифта мешаванд. Агар яке аз ҷиҳати ҳатмии менеҷментро аз назар соқит намоем, пас ҳалли проблема пурра ба анҷом намерасад. Масалан, ҳангоми ташкил намудани ташкилотҳои нав масъалаи иҷтимоӣ мавқуф гузошта мешавад, ки масъалаи қисман истифода намудани объект ба амал меояд. Ҳангоми ба нақшагирии василаи нави меҳнат ба нишондиҳандаҳои экологӣ диққати дуюминдараҷа медиҳанд, ки дар натиҷа он рақобатпазир намегардад.
Усули ҳамгироӣ. Усули ҳамгироӣ дар менеҷменти стратегӣ барои гузаронидани тадқиқот ва мустаҳкам намудани алоқамандӣ равона шудааст:
- Байни зернизомҳои алоҳида ва қисматҳои сохтори менеҷменти стратегӣ; 2. Байни марҳилаҳои давраҳои фаъоли объекти идоракунӣ (маркетинг, НИОКР, тайёрии ташкилию технологии истеҳсолот, истеҳсолот ва ғайра); 3. Байни сатҳҳои идоракунии амудӣ (давлат, минтақа, шаҳр, ташкилот, зерқисматҳои он); 4. Байни субъектҳои идоракунии уфуқӣ.
Усули маркетингӣ. Усули маркетингӣ зернизоми идоракунии менеҷменти стратегиро ҳангоми ҳалли масъалаҳои гуногуни ба истеъмолкунандагон вобаста дида мебарояд. Усули маркетингӣ дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои зерқисматҳои ташкилот ба таври васеъ бояд истифода карда шавад.
Ҳангоми истифодаи усули маркетингӣ интихоби меъёрҳои менеҷмент ба таври зерин нишон дода мешаванд:
- Баланд бардоштани сифати объект (баромади система) вобаста ба эҳтиёҷоти истеъмолкунандагон; 2. Сарфаи захираҳои истеъмолкунандагон аз ҳисоби баланд бардоштани сифати объект; 3. Сарфаи захираҳо дар истеҳсолот аз ҳисоби татбиқи омили пешравии илму техника, такмилдиҳии низоми менеҷмент.
Усули функсионалӣ. Моҳияти усули функсионалии менеҷменти стратегӣ дар он зоҳир мегардад, ки мол ҳамчун маҷмӯи функцияҳои амалишавандае мебошад, ки бояд талаботи истеъмолкунандагонро қонеъ намояд.
Дар натиҷаи тадқиқоти маркетингӣ функцияҳои истеъмолкунандагон, ки дар бозор талабот доранд, пешгӯй карда мешаванд ва маҳсулоти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё