Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗУИ 4. НИЗОМИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ
навро, ки ҷамъи ин функцияҳои истеъмолиро нишон медиҳанд, таҳлили синтезӣ мекунанд.
Ҳангоми истифодаи усули функционалӣ аз бозгашт, талаботи истеъмолкунандагон, яъне аз талаботи низом «баромад» ба имкониятҳои он ба «воридот» меравад. Истифодаи усули функционалӣ хулосаи таҷридӣ буда, иҷрои чунин функцияҳо гӯё вуҷуд надорад ва дар ҷустуҷӯи қарорҳои нави техникӣ барои амалӣ намудани талаботи мавҷуда ва ояндаи истеъмолкунандагон равона мешаванд. Ин усул бояд дар маҷмӯъ бо усулҳои такрористеҳсолӣ, маркетингӣ ва дигарон истифода карда шавад.
Усули динамикӣ. Ҳангоми истифодаи усули динамикӣ объекти идоракунӣ дар тараққиёти диалектикӣ дар алоқамандӣ бо омилҳои сабабию санҷишӣ ва тобеъкунӣ дида шуда, таҳлили рафтори объектҳои монанд (масалан, барои 10 сол) ва пешгӯии тараққиёти он (масалан, барои 5 сол) гузаронида мешавад.
Усули такрористеҳсол. Ин усул доимо аз нав барқароркунии объекти истеҳсолотро барои қонеъ намудани талаботи муайяни бозор бо маҷмӯи хароҷот ба воҳиди самараи фоиданок нисбат ба объекти монанд дар бозори мазкур нишон медиҳад.
Ҷузъҳои усули такрористеҳсол инҳоянд:
-
Манбаи афзалиятноки муқоисавӣ ҳангоми банақшагирии нишондиҳандаҳои сифат ва захираталаби объекти нав, манбаи ҷавобгӯ ба дастовардҳои рушди илму техника дар соҳаи мавҷуда ҳангоми ба даст овардани объект аз ҷониби истеъмолкунандагон, қонеъгардонии талаботи истеъмолкунандагон ҳангоми банақшагирӣ ва ё коркарди объект истифода мешавад;
-
Мафҳуми қонунии сарфаи вақт ҳамчун ҷамъи сарфаи гузашта, ҳозира ва ояндаи меҳнат бо воҳиди самараи фоиданоки он барои давраи ҳаётии объект;
-
Алоқамандии давраи такрористеҳсоли модели истеҳсолшуда, лоиҳавӣ ва оянда дар мутобиқати вақт ва барномаҳои истеҳсолкунӣ дида мешавад;
-
Ба қадри имкон таъмини мутаносибаи сифат ва миқдори рушди ҷузъҳои муҳити берунаи системаи менеҷменти стратегӣ (макромуҳит, инфрасохтори минтақа, микромуҳити ташкилот).
Усули равандҳо. Усули раванди функцияҳои идоракуниро ҳамчун робитаи мутақобила дида мебатораянд. Раванди идоракунӣ ҷамъи робитаҳои мутақобилаи пайвастаи амалиётрӯ доир ба: маркетинг, банақшагирӣ, ташкили равандҳо, ҳисоб ва назорат, далелнокӣ, танзим ва ғайраро дар бар мегирад.
Усули меъёрӣ. Моҳияти усули меъёрӣ дар муқаррар намудани меъёрҳои идоракунӣ дар ҳама зернизомҳои низоми менеҷменти стратегӣ инъикос меёбад. Меъёрҳо чунин муқаррар карда мешаванд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё