Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Зернизомҳои мақсаднок (меъёрҳои сифат ва захираталаб, мушаххасоти бозор, сатҳҳои ташкилию техникии истеҳсолот, рушди иҷтимоии муштарак, муҳофизати муҳити табиӣ);

  2. Зернизомҳои таъминотӣ (меъёрҳои истифодаи самараноки захираҳо, таъмини кормандон ба воситаҳои зарурӣ ва ғайра);

  3. Зернизоми функционалӣ (меъёрҳо доир ба функцияҳои идоракунӣ);

  4. Зернизомҳои идоракунӣ (меъёрҳо доир ба психология ва сотсиологияи менеҷмент, коркард ва қабули қарорҳои стратегӣ ва идоракунӣ).

Усули миқдорӣ. Моҳияти ин усул ба воситаи ҳисобҳои муҳандисӣ ва усулҳои оморию математикӣ дар гузариш аз баҳодиҳии сифатӣ ба баҳодиҳии санҷишӣ, низоми баллӣ ва ғайра — идоракунии рақамҳо иборат аст. Дар менеҷменти стратегӣ истифодаи усулҳои муайяни таҳлилӣ, пешгӯӣ ва мутобиқкунии қарорҳои идоракунӣ аҳамиятнок аст.

Масъалаи истифодаи усулҳои маъмурӣ, рафторӣ ва вазъиятӣ дар менеҷменти стратегӣ як қатор хусусиятҳои хос дорад. Барои 3 сол ва муддати аз ин дарозтар пешгӯии таркиб ва талаботи санадҳои меъёрии сатҳҳои гуногун, хусусиятҳои иҷтимоиву равонии ҳаёти якҷоя, ҳолатҳои татбиқи қарорҳои тактикии идоракунӣ хеле душворанд. Танҳо дар шароити давлати ҳуқуқӣ бо муносибатҳои тараққиёфта ва устувор тағйирёбии мушаххасоти ин нуқтаҳои назарро аниқ пешгӯӣ кардан мумкин аст. Барои иқтисодиёти дар заминаи муносибатҳои бозорӣ ташаккулёфта талаботи усулҳои маъмурӣ, рафторӣ ва вазъиятӣ танҳо барои қарорҳои стратегӣ ва ташкили коркард истифода шуда, вале ба мушаххасоти пешгӯишуда равона намешаванд. Бо вуҷуди ин, усули вазъиятӣ дар мавриди татбиқи стратегия, махсусан дар ҳолати номусоиди муҳити беруна самаранок истифода мешавад.

Фарзияҳои илмӣ

Дар низоми менеҷменти стратегӣ муносибатҳои методологӣ, ки дар зери мафҳуми онҳо самти ягонаи пуррагии мантиқ, принсип ва усулҳои идоракунии стратегӣ фаҳмида мешаванд, ба фарзияҳои муайян асос меёбанд.

Фарзияи тасодуфӣ. Намунаи ягонаи идоракунии ширкат вуҷуд надорад. Аксаран фарзияи тасодуфиро ба таври зерин маънидод менамоянд: агар қарори ҳаматарафа (универсальнай) вуҷуд надошта бошад, пас ҳар як ширкат табиатан беҳамто буда, самти худро бояд худаш ҷустуҷӯ намояд. Бо вуҷуди ин, дар ҳолати ҳозира фарзияи мазкур чунин аст: дар байни ду қарори умумӣ намудҳои гуногуни рафтори идоракунӣ бо масъалаҳои ба худ хос мавҷуд аст.

Фарзия оид ба вобастагӣ аз муҳити беруна. Муаммоҳое, ки муҳити беруна дар назди ширкат мегузоранд, модели мувофиқи рафтори ширкатро

пешина
аз 469
навбатӣ