Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗУИ 5. КОНСЕПСИЯҲОИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ
Расми 5.1. Нишон додани модели ГМБ барои таҳлили мавқеи стратегӣ ва банақшагирӣ.
• Инкишофи баланди суръати бозор/ нисбатан баланди ҳиссаи тиҷорат дар бозор;
• Инкишофи пасти суръати бозор/ нисбатан баланди ҳиссаи тиҷорат дар бозор;
• Инкишофи баланди суръати бозор/нисбатан пасттари ҳиссаи тиҷорат дар бозор;
• Инкишофи пасти суръати бозор/нисбатан пасттари ҳиссаи тиҷорат дар бозор; Дар модели ГМБ ҳар як омил мафҳумҳои худро дорост, ки мутобиқи онҳо тиҷорат аз рӯи ҳиссаи ишғолнамуда дар бозори ташаккулёфта, суръати инкишоф дар марҳилаи гузашта, рақобатнокӣ дар бозор маънидод карда мешавад.
Дар модели ГМБ ба ҳар як доирача номи фарзӣ дода мешавад:
Ситораҳо. Чун қоида ба онҳо самтҳои нави бизнес дохил мешаванд, ки он ба масъалаҳои ҳиссаи калони бозори босуръат инкишофёбанда ва бозоре, ки даромади бештар меорад, машғул аст. Ин самтҳои тиҷорат дар соҳаҳои худ пешсаф мебошанд. Онҳо барои ташкилот даромади зиёд меоранд. Аммо масъалаи дуруст намудани тавозун байни даромаднокӣ ва маблағгузориҳои ин соҳа, бо мақсади дар оянда баргардонидани маблағҳои сармоягузоришуда муҳим аст.
Говҳои дӯшой. Ин он самтҳои тиҷорате мебошанд, ки дар гузашта нисбатан саҳми калони бозорро соҳиб шуда буданд. Аммо бо мурури замон инкишофи соҳаҳои мазкур рӯ ба пастравӣ ниҳод. Одатан, «Говҳои дӯшой»
ин «Ситораҳо»-и пешина мебошанд, ки дар шароити имрӯза даромаднокии ташкилотро таъмин менамоянд. Чунин ҳаҷми даромаднокӣ барои ташкилот

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё