Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

имконият медиҳад, ки бартариҳои рақобатноки худро дар бозор нигоҳ дорад. Воридшавии маблағҳо ба ин соҳа тавозуншуда мебошанд, зеро ки сармоягузории ин самтҳо дар сатҳи минималӣ амалӣ карда мешаванд. Чунин шакли соҳаи тиҷорат метавонад ба ташкилот даромади зиёд орад.

Фарзандони душвортарбия. Ин соҳаҳои тиҷорат дар самтҳои босуръат тараққикунанда рақобат мекунанд, вале ҳиссаи начандон калони бозорро ишғол менамоянд. Чунин мувофиқатии вазъи воқеӣ ба зарурати зиёд намудани маблағгузориҳо оварда мерасонад, то ки ташкилот тавонад ҳиссаи худро дар бозор ҳимоя намояд ва зинда мондани он дар ин бозор кафолат дода шавад. Номуайянии зиёд ба ин самтҳои тиҷорат хос мебошад: ё онҳо барои ташкилот даромадовар мешаванд, ё не. Як чиз маълум аст, ки ин соҳаҳо бе маблағгузориҳои калони иловагӣ метавонанд ба мавқеи «сагон» омада расанд.

Сагҳо. Ин соҳаҳои тиҷоратеанд, ки ҳиссаи начандон калони бозорро дар самтҳои сусттараққикунандаи бозор ишғол менамоянд. Воридшавии маблағҳо ба ин соҳаҳо хеле суст ва баъзан ҳатто нокифоя ҷараён мегирад. Ба ҳар як қадами ташкилот барои соҳиб гаржидан ба ҳиссаи калони бозор аз ҷониби рақибони пешсаф зарбаи ҷавобӣ зада мешавад. Танҳо кордони менеҷер метавонад мавқеи ин самтҳои тиҷоратро дар бозор нигоҳ дорад.

Ҳангоми истифодаи модели ГМБ дуруст чен намудани суръати инкишофи бозор ва ҳиссаи нисбии он дар ин бозор бисёр муҳим аст. Чен кардани суръати бозор дар асоси маълумоти зарурии пешниҳодшуда дар 2-3 соли охир гузаронида мешавад. Ҳиссаи нисбии ташкилот дар бозор ба мисли логарифмаест, ки муносибати ҳаҷми маҳсулотро дар тиҷорати нишондодашуда вобаста ба ҳаҷми истеҳсолоти ширкати пешсаф таҷАССУМ менамояд. Агар худи ташкилот дар бозор пешсаф бошад, пас муносибатҳои он дар робита бо ташкилоте, ки аз қафои он дар бозор мавқеъ дорад, баррасӣ карда мешаванд. Агар нишондиҳандаи бадастомада нисбати воҳиди ченак баланд бошад, ин аз пешсафии ташкилот дар бозор шаҳодат медиҳад. Дар акси ҳол, ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар бозор ширкатҳое фаъолият доранд, ки бартариҳои рақобатнокро соҳибанд.

Барои мисол, модели ГМБ-ро аз рӯи нуқтаи назари мавқеи стратегии тиҷорати ташкилоти Ренди дар бозори фурӯши чой баррасӣ менамоем.

5.3. КОНСЕПСИЯИ ҶЕНЕРАЛ ЭЛЕКТРИК/МАКЕНЗИ

Дар ибтидои солҳои 1970 модели монанд, аз ҷониби корпорацияи General Electric ва гурӯҳи машваратии McKinsey & Со пайдо гардис ва он номи «модели GE/McKinsey»-ро гирифт. Дар солҳои 1980 модели мазкур яке аз моделҳои муваффақи соҳаи таҳлили мавқеи стратегии тиҷорат гар- дид. Дар як марҳила, дар миёнаҳои солҳои 80-ум баҳогузорӣ карда шуд,

пешина
аз 469
навбатӣ