Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 6. УСУЛ ВА ВОСИТАҲОИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГИИ

Ташкири арзишҳо
барои соҳибмулкон

(Нишондиҳандаҳои арзиши тиҷорат)

Стратегияи инкишофи даромадҳо

Зиёд намудани
ҳаҷми фурӯш
(воқеӣ)

Сарчашмаи нави
даромад (маҳсулот
ва ё бозорҳои нав)

Баланд бардоштани
арзишҳо барои
мизоҷон

Баландшавии
даромад аз ҳисоби
мизоҷони мавҷуда
ва аз ҳисоби нарх

Стратегияи инкишоф

Беҳтаршавии
сохтори
хароҷот

Кам кардани
хароҷот ба воҳиди
маҳсулот

Беҳтаршавии
истифодаи
активҳо

Сармояҳои мавҷуда
Сармояҳои
мушаххас
(беҳтаршавии истифодаи активҳо)

Таҳияи харитаҳои стратегӣ: молия

Дар ташкил намудани сатҳи молиявии пешгӯишаванда тамоми усулҳои имконпазирро бояд таҳлил намуд. Масалан, ҳангоми стратегияи рушди даромадҳо чор имконияти асосӣ мавҷуд аст: тавсеаи бозорҳо; фурӯши маҳсулоти нав; афзоиши ҳаҷми воқеии фурӯш дар бозори мавҷуда ва афзоиши нархи фурӯш дар бозори мавҷуда.

Усули баромадан ба бозорҳои нав ҷавоби аниқро ба саволҳои зерин талаб мекунад: ба кадом андоза сегментҳои нав ҷолибанд? Оё қувваи рақобати ширкат барои забт намудани онҳо кофианд? Он чӣ қадар арзиш дорад?

Барориши маҳсулоти нав дар бораи масъалаи қобилияти маҳсулоти нав, ивазкунӣ ва ё пурракунии самаранок дар бозор, зарурат ва мавҷудияти захираҳои мувофиқ равшаниҳоро талаб мекунад.

Афзоиши ҳаҷми воқеии фурӯш ба муштариёни мавҷуда ба баҳодиҳии афзоиши талабот ба маҳсулот ва ҳолати молиявии муштарӣ алоқаманд аст. Қарори баландшавии нархҳо барои мизоҷон ба таҳлили имкониятҳои тағйирёбанда дар тавсифи маҳсулот ва хизматрасонӣ, тайёрии истеъмолкунандагон барои пардохти иловагии тағйироти номбурда асос меёбад.
Дар аксар ҳолатҳо кӯшишҳои иловагӣ барои мавқеъгирии тамғаи савдо талаб карда мешавад.

Масъалаҳои ҳангоми баҳодиҳии вариантҳои эҳтимолии рушд ба миёномада ба самтҳои тадқиқоти мушаххас алоқаманданд. Ҳамин тариқ, ташкили
дараҷаи маркетинг, таҳлили молиявӣ, проблемаҳо ба ҳисоббаробаркунии
самаранок ва сатҳи таваккали қарорҳои сармоягузорӣ ҳангоми интихоби

пешина
аз 469
навбатӣ