Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

стратегияи ояндабинӣ барои ташкили низоми оптималии тавозун байни соҳибмулкон ва шароитҳои воқеии тиҷорат имконият медиҳад.

Харитаи стратегӣ ҳамчун воситаи идоракунии низоми аниқи бартариҳо

Дар сатҳи сеюми харитаи стратегӣ равандҳои дохилии ташкилот дуруст карда мешавад. Мақсади дурусткунии мазкур таъмини максималии пайвасткунии манфиатҳои соҳибмулкон (мақсади молиявӣ) ва истеъмолкунандагон (арзишҳо барои мизоҷ) мебошад. Дурусткунии аниқи равандҳои тиҷорат сатҳи муносиби тафриқаи мол ва хизматрасониҳоро барои сегменти аниқи бозор таъмин мекунад. Паст намудани хароҷот аз ҳисоби реинжиниринг барои баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ, муҳайё намудани шароит барои татбиқи стратегияи муносиби хароҷот, арзиши паст бо пайвасткунии тафриқаи пурраи мол ва хизматрасониҳо имконияти васеъ медиҳад.

Мисоли равшани татбиқи ин нуқтаи назар ташкилоти хӯрока бо номи «Мизи шведӣ» мебошад. Он масъалаи таъмини нуқтаи назари ҷудогона ба мизоҷро бо истифодаи технологияҳои стандарти истеҳсолоти оммавӣ ҳал кард. Мизи шведӣ ба истеъмолкунанда хизматрасонии тафриқавии навъи тарабхонаро (дар ҳолати мазкур на танҳо сифат, балки имконияти интихоб вобаста ба мундариҷа ва ҳаҷм), бо дарназардошти хароҷот пешниҳод менамояд. Барои иҷрои фармоишҳои алоҳида ҳама таомҳо баробар тайёр мешаванд, барои таъмини хизматрасонии инфиродӣ шароит муҳайё гардида, мизоҷон барои худашон хизмат мерасонанд, низоми пардохт сода карда шудааст. Масоҳат ва ҳайати корӣ самаранок истифода мешавад. Қайд кардан лозим аст, ки дар ин ҳолат мутахассисони дараҷаи баланди стандартӣ истифода карда мешаванд.

Ҳолатҳои нав дар рушди бозорҳои истеъмолӣ ва расмии бо суръати баланди тағйирот тавсифшаванда бо як қатор талаботи шартан пешниҳодшуда нисбати ташкили бизнес ташаккул меёбанд. Бартариҳои рақобатии ширкат дар ташкили амалиёти равандҳои тиҷоратӣ (таъмин, истеҳсол, фурӯш) ҳамчун сарчашмаи афзалияти стратегӣ дар нақшаи дарозмуддат дида намешаванд. Қарорҳои самараноки техникӣ дар муҳити расмӣ босуръат муайян карда мешаванд. Дар нақшаи дарозмуддат таҳири раванди бартариҳои рақобатнокӣ хело муҳим аст. Қобилияти мутобиқшавии ташкилот ба тағйироти босуръат ва самаранок яке аз заминаҳои асосии бартариҳои рақобатнок мебошад. Моҳияти масъала дар суръатнокӣ ва арзиши равандҳои дурустукунии мол ва хизматрасонӣ нисбат ба тағйироти талаботи сегментҳои мақсаднок мебошад. Он аз рӯи саҳеҳии таассурот,

пешина
аз 469
навбатӣ