Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗУИ 16. ХУСУСИЯТИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ ДАР TFT

• натиҷагирӣ барои муайянкунии эҳтиёҷоти истеъмолкунандагон, инчунин, назар ба рақибон бештар қаноатгардонии онҳо бо усулҳои нисбатан самараноқ;
• баландбардории сатҳи некуаҳволии истеъмолкунанда ва ҷомеа;
• таҳияи ақидаи ҷомеа оид ба ақидаҳои иҷтимоӣ, вазифаҳо ва фаъолиятҳои муайян;
• танзими таъсири мутақобилаи мубодила, натиҷагирӣ аз сифат.
Принципҳои номбаршуда захираҳои самараноки баландбардории идоракунии иҷтимоӣ буда, имконияти ҳалли масъалаҳои ташкилотҳои хайриявӣ ва хайрияҳоро ба пуррагӣ амалӣ мегардонанд.

16.4. ХУЛОСАҲОИ МУХТАСАР

  1. Дар ҷаҳони муосир сектори ғайритиҷоратӣ яке аз соҳаи нисбатан серҳаракати иқтисодиёт буда, дар таҳияи ақидаҳои ҷомеа ва қабули қарорҳои муҳимтарини давлатӣ TFT таъсири назаррас ва устувор мерасонанд.

  2. Дар баробари хислатҳои умумӣ бо идоракунии бизнес-сохторҳои менеҷменти стратегӣ дар TFT якчанд фарқиятҳои асосӣ, ки бо муайянкунии миссия ва мақсадҳо алоқаманд аст, ташаккули ташкилоти олии идоракунӣ ва механизмҳои идоракунии TFT мавҷуданд.

  3. Аз рӯи ақидаи Питер Друкер: «Муассисаҳои ғайритиҷоратӣ тадриҷан ба пешсафони менеҷмент мубаддал мегарданд. Дар таҷрибаи стратегия ва роҳбарии самараноқ принципҳоеро истифода менамоянд, ки аксар ташкилотҳои тиҷоратӣ онҳоро расман эълон мекунанд».

  4. Ҳангоми коркард ва татбиқи стратегияи TFT аз дастурҳои махсуси услубӣ, ба монандӣ муайян намудани омили муҳими таъсиркунанда ба фаъолияти TFT; омӯзиши натиҷаҳои тадқиқоти маркетингии бозор, истеъмолкунандагон, рақибон, имкониятҳои шарикони рушд ва ғайра; муайян намудани таҳдиди беруна ва имкониятҳои муносибат бо ташкилотҳои мазкур, тарафҳои пуркувват ва заифи он; муайян намудани бартариҳои асосии рақобатнокӣ, ки ба фаъолияти соҳибкории TFT алоқаманданд; таҳияи барномаи мувофиқати амалҳо доир ба баланд бардоштани қобилияти рақобатнокии TFT истифода бурда мешавад.

  5. Шартҳои муҳими истифодаи самараноки идоракунии стратегии TFT чунинанд: баланд бардоштани сатҳи тахассусии роҳбарияти TFT; истифодаи бартариҳои махсуси иловагии TFT; рушди фаъолияти соҳибкорӣ; ҷалби диққат барои истифодаи иқтидори зеҳнии ҳайати кормандони ташкилот ва баҳисобгирии талаботи нави шароитҳои муосири гузариш ба бозор.

пешина
аз 469
навбатӣ