Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Самаранокии идоракунии стратегии ташкилотҳои хайриявӣ бо самаранокии татбиқи стратегия доир ба меъёрҳои зерин баҳо дода мешавад: баландбардории сатҳ ва сифати некуаҳволӣ, ҳавасмандгардонии ҳайати кормандон ва манфиатгирандагон аз фаъолияти ТҒТ, комёбшавӣ ба самаранокии ҳадди ақали иҷтимоӣ аз фаъолият.

16.5. САВОЛҲОИ САНҶИШӢ

  1. ТҒТ чиро ифода мекунад ва хусусиятҳои хоси он дар чист?
  2. Хусусиятҳои фарқкунандаи менеҷменти стратегӣ дар ТҒТ чӣ гуна зоҳир мегарданд?
  3. Менеҷменти стратегии ТҒТ аз корпоративӣ бо чӣ фарқ мекунад?
  4. Раванди қабули қарори стратегӣ дар ТҒТ чӣ гуна амалӣ мегардад?
  5. Мураккабии менеҷменти стратегии ТҒТ дар чист?
  6. Мавқеи Шӯрои директорҳо дар ТҒТ чӣ гуна аст ва раванди идоракунии стратегӣ чӣ хел амалӣ карда мешавад?
  7. Муносибатро ба таҳияи меъёрҳои баҳодиҳии самаранокии ТҒТ тавсиф намоед.
  8. Шартҳои асосии самаранок истифода намудани идоракунии стратегиро номбар кунед.
  9. Стратегияи рушди бизнес-ассосиатсияҳо чӣ гуна таҳия мешавад?
  10. Принсипҳои асосии фаъолияти хайриявиро номбар намоед ва онҳо дар ташаккули стратегияи рушди ТҒТ чӣ гуна таъсир мерасонанд?

16.6. КЕЙС-ВАЗЪИЯТ

СТРАТЕГИЯИ УСТУВОРИИ МОЛИЯВИИ
АМХДФ (НАДФХ)

АМХДФ дар асоси принсипҳои худмаблағгузорӣ ташкил ёфтааст. Механизми худмаблағгузорӣ барқи бомуваффақиятӣ ва самаранокии фаъолият якбора амалӣ нагашта, марҳила ба марҳила иҷро мегардад. Худмаблағгузорӣ пурра ба нақша гирифта нашудааст, зеро воситаҳои сарпарастӣ, грантҳои мақсаднок ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ танҳо ҳиссаи муайяни воридотро ба буҷаи АМХДФ ташкил менамоянд.
Стратегияи умумии маблағгузории АМХДФ дар шакли пешгӯии сохтории буҷавии АМХДФ барои солҳои 2008-2012 дар ҷадвали 1 пешниҳод гардидааст.

пешина
аз 469
навбатӣ