Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

2.6. КЕЙС - ВАЗЪИЯТ

«ТОЙОТА»: УСУЛҲОИ ВОРИДШАВӢ БА БОЗОРҲОИ ХОРИҶӢ

Ширкати ҷопонии «Тойота» аз моҳи январ то июни соли 2013 ба тамоми ҷаҳон бо назардошти фурӯши мошинҳо аз ширкати фаръӣ зиёда аз 4,91 миллион автомобил пешниҳод намудааст. Бо чунин натиҷаҳои фурӯш ширкат дар ҷаҳон дар соҳаи истеҳсоли автомобилҳо ҷойи аввалро ишғол менамояд.

«Тойота» сеюмин ширкати муҳими автомобилборӣ ва содиркунандаи калонтарин дар ҷаҳони автомобилҳо гаштааст. Ба ақидаи таҳлилгарон, баландшавии босуръати истеҳсолии ширкати «Тойота» ба сатҳи баланди истеҳсолот ва тамғаҳои мошинҳои сатҳи ҷаҳонӣ вобаста мебошад ва ин ҳама на танҳо маҳсулнокии ширкатро дар ҷаҳон баланд намуд, балки онро ба корпорацияи истеҳсолкунандаи автомобилҳои баландсифати дорои дизайни беҳтарин мубаддал гардонд.

Қисми зиёди фаъолияти худро «Тойота» барои аз бозорҳои Ҷопон ба бозорҳои ҷаҳонӣ содир намудани автомобилҳо равона намуд. Аммо дар ибтидои солҳои 80-ум фишори сиёсӣ ва гуфтугӯшунидҳо оид ба қоидаҳои маҳаллӣ ширкатро маҷбур сохт, ки стратегияи содироти худро аз нав дида барояд. Бо сабаби самаранок набудани суръати тараққиёт дар солҳои 1981-1984, дар соли 1981 «Тойота» аллакай ба маҳдудияти «ихтиёрӣ» барои ба ИМА содир кардани автомобилҳо розӣ шуд. Дар натиҷа, «Тойота» барои кушодани заводҳои худ доир ба истеҳсоли автомобилҳо дар хориҷ қарор намуд.

Заводи аввалин ҳамчун муассисаи муштарак бо «General Motors»
(50/50%) дар соли 1983 бо номи «New United Motor Manufacturing Inc.» (NUMMI). NUMMI, дар Фремонт (Калифорния) ҷойгир шуда, моҳи декабри соли 1984 ба истеҳсоли автомобилҳои «Chevrolet Nova»
барои GM оғоз кард. Истеҳсолоти максималии завод дар як сол 250 ҳаз. автомобил аст. Ба ширкат ташкилотҳои муштарак барои он ки оё ширкат метавонад мошинҳои баландсифатро дар ИМА, бо истифода аз кормандон ва интиқолдиҳандагони амрикоӣ истеҳсол намояд, имконият доданд. Инчунин таҷрибаи муносибат бо иттифоқи касабаи Амрико ба даст оварда шуд, ки ихтисори воридоти «ихтиёрӣ»-ро бартараф намуд.

Тирамоҳи соли 1986 завод бо иқтидори пурра кор мекард ва нишондиҳандаҳои аввалин шаҳодати он буданд, ки завод ба сатҳи маҳсулнокии ва сифат ба заводи асосии «Тойота» дар Япония — «Такаоке» расида буд.

Аз муваффақияти худ бо NUMMI рӯҳбаланд шуда, «Тойота» моҳи
декабри соли 1985 эълон намуд, ки дар Джорҷтаун (Кентукки) заводи

пешина
аз 469
навбатӣ