Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

МАВЗУИ 2. ТАҲАВВУЛОТИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ

истеҳсоли автомобилҳоро месозад. Завод моҳи майи соли 1988 ба фаъолият шурӯъ намуда, ба таври расмӣ дар як сол то 200 ҳаз. «Camry» иқтидори истеҳсолӣ дошт. Ҳамин тавр, дар аввалҳои соли 1990 аллакай дар як сол 220 ҳаз. автомобил истеҳсол карда мешуд. Ин муваффақият бо изҳороти «Тойота» оид ба сохтани заводи дуюм дар Чорчтаун, ки бояд 200 ҳаз. мошин дар як сол истеҳсол намояд, заминагузорӣ намуд. Ду завод ва NUMMI ба «Тойота» имконият доданд, ки дар Амрикои Шимолӣ дар як сол истеҳсоли 660 ҳаз. автомобилро таъмин намояд.

Ба ғайр аз заводҳои воқеъ дар Амрико, «Тойота» дар Аврупо низ сохтмони заводҳоро ҷавобан ба фишори баландшавандаи шиносбозиҳои он ҷо ба роҳ монд. «Тойота» инчунин кам кардани монеаҳои савдоиро дар соли 1992 дар байни давлатҳо-аъзоёни Иттиҳодияи Аврупо пешбинӣ намуд. Дар соли 1989 эълон карда шуд, ки ширкат дар Англия завод сохта истодааст, ки дар соли 1997 200 ҳаз. автомобил истеҳсол менамояд. Маълум аст, ки баъди соли 1992 қисмати зиёди маҳсулоти завод ба давлатҳои дигари Иттиҳоди Аврупо содир карда шуданд. Ин қарор сарвазири Фаронсаро водор намуд, ки Англияро чунин тавсиф намояд: «ҳавопаймои ҷопонии дар соҳил буда, мунтазири ҳамла аст». «Тойота» аз маҳдудкунии ғасби худ аз тарафи Иттиҳоди Аврупо хавотир буд ва барои ҳамроҳ шудани дигар ширкатҳои автомобилсозии Ҷопон барои нигоҳ доштани ҳиссаи худ дар бозори автомобилии аврупоӣ то 11%, ба қадри имкон то соли 2000 розӣгӣ дод.

Корҳо на ҳама вақт устувор буданд. Масъалаи ҳалталаби асосӣ сохтани шабакаи таҳвил дар хориҷ буд, ки онро бо шабакаи «Тойота» дар Ҷопон муқоиса кардан имконпазир бошад.

Дар вохӯрӣ бо Ассосиатсияи таҳвилгарони «Тойота»-и Амрикои Шимолӣ дар соли 1990 роҳбарияти ширкат маълум намуд, ки нисбат ба сатҳи нуқсонҳое, ки 147 таҳвилгари ҷопонӣ пешниҳод менамояд, фоизи нуқсони қисмҳои эҳтиётии истеҳсолкунандагони 75 ширкати таҳвилгар дар Амрикои Шимолӣ ва Аврупо сад маротиба зиёдтар аст. Роҳбарияти «Тойота» инчунин қайд намуданд, ки қисмҳои эҳтиётии дар Амрикои Шимолӣ ва Аврупо истеҳсолшуда, аз қисмҳои эҳтиётии истеҳсоли Ҷопон тамоюли нисбатан гаронтар доранд. Барои ҳалли ин масъала «Тойота» аксарияти қисмҳои эҳтиётиро аз Ҷопон барои васлкунии автомобилҳо дар Амрикои Шимолӣ ва Аврупо ворид менамуд. Бинобар ин, воридоти қисмҳои эҳтиётӣ танҳо шиддати савдоро дар байни ИМА ва Ҷопон афзун намуд. Ҳаҷми зиёди воридот дар муносибатҳои тиҷоратии байни ИМА ва Ҷопон хеле вазнин гашт. Барои аз ин ҳолат баромадан «Тойота» миқдори автомобилҳои дар Амрикои Шимолӣ ва Аврупо васлшавандаро зиёд кард. Дар соли 1996 70% мошинҳои «Тойота», ки дар ИМА ва Аврупо васл мешаванд, дар сатҳи истеҳсолоти маҳаллӣ

пешина
аз 469
навбатӣ