Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 3. СТРАТЕГИЯИ ТАШКИЛОТ
Стратегия барои чӣ лозим аст?
Биёед, чунин савол диҳем: стратегия умуман барои чӣ лозим аст? Стратегия барои ташкилот се бартарии муҳим медиҳад.
Якум, стратегия самти инкишофи ширкатро муайян намуда, барои мувофиқа ва мақсаднок гардидани фаъолияти менеҷерон мусоидат менамояд. Стратегия барои самти инкишофи ширкат имкониятҳоро муайян намуда, кӯшишҳои беҳудаи аз манфиат дурро аз байн мебарад.
Дуюм, стратегия барои пешрафти мустаҳкам ва боВАРИНОКИ кормандон дар вазъияти ояндаи пешгӯинашаванда кумак мерасонад. Чунин боварӣ ва муайян намудани самти инкишофи оянда барои рушди ширкат заминаи воқеӣ мегузорад.
Стратегия муҳим будани ташкилотро нишон медиҳад, ки ин омил барои кормандон мазмуни нав ва ифтихори ба гурӯҳи махсуси одамон дохил шудани онҳоро ифода менамояд.
Вале дар сурати нодуруст истифода намудани ин се шакли бартарӣ онҳо метавонанд ба камбудиҳо мубаддал гарданд. Фазои инкишофи корхона холӣ гашта, имкониятҳои рушди дурнамои ташкилот аз чашми менеҷерҳо дур мемонад. Аз ин ҷо, истифодаи захираҳо бо сабаби тангназарӣ мутаносибан коҳиш меёбад. Ҳиссиёти эътидоли инкишоф ва муҳим будани он аз фаъолияти менеҷерҳо дур монда, суръати тиҷорат паст мегардад ва барои амалӣ намудани тағйироти хусусияти ташкилот- чигидошта халал ворид месозад. Бояд гуфт, ки қисми зиёди ширкатҳои пешсаф стратегияи худро доранд.
Яке аз сабабҳои муҳиме, ки имконияти банақшагирии мунтазами стратегиро маҳдуд месозанд, номуайянии муҳити бозоргонӣ ба шумор меравад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ташкилот мекушад, ки назоратро аз болои муҳити беруна ба роҳ монад, ки ба монополизатсияи бозорҳо, сиёсати ғайрисамараноки нарх, камчинӣ (дефитсит), ба эътибор нагирифтани ҳавасмандии истеъмолкунандагон оварда мерасонад. Рақобаткунандагон амали якҷояро оғоз карда, ба назорати инҳисории бозор ва талабот муқовимат менамоянд. Ташкилотҳо лозим аст, ки дар байни тағйироти ғайричашмдошт ва таҳдидҳои рақибони нав ва давлат тавозунро ҷорӣ намоянд.
Маҳдудиятҳо бо ҳароҷот ва татбиқи стратегия, аз ҷумла тадқиқоти бозор ва амалӣ намудани тағйироти стратегӣ асоснок шудаанд. Маълум аст, ки воситаҳои иловагиро бояд на танҳо дар он вақт сарф намуд, ки онҳо манфиати иловагӣ медиҳанд. Мушкилӣ дар он аст, ки миқдоран чен намудани натиҷаи аз таҳияи стратегия ба дастомада на ҳама вақт имконпазир аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё