Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
- Play - Стратегия ҳамчун усули қулай: «Мо ҳамин тавр мекунем ва мақсади дигар надорем»; 4. Perspective - Стратегия ҳамчун дурнамо (принсипи роҳҳое, ки ширкат интихоб кардааст); 5. Pattern - Стратегия ҳамчун намуна (паттерн) (қолибе, ки ширкат вобаста ба ҳолати ба амаломада фаъолият мекунад).
Стратегия ин фаҳмиши ҷой ва мавқеи ширкат дар рӯйдодҳои оянда аст, ки ҷиҳати ташаккули маҷмӯи амалҳо барои бартарии устувори рақобат имконият фароҳам меорад.
Мақсаднокӣ ва имкониятҳои таҳияи стратегияи ташкилот
Баҳсу мунозираҳо нисбати сарф намудани маблағҳо барои таҳияи стратегияи рушди ташкилот даҳсолаҳо идома доранд. Дар ташкилотҳои навтаъсис роҳбарият ба он дараҷае банд аст, ки наметавонад барои банақшагирии фаъолият вақт ёбад. Дар ташкилотҳои амалкунанда бошад, менеҷерон аз тартиб додани нақшаи зоҳирӣ даст мекашанд ва ба он асос менамоянд, ки ин кор пештар бе ҳузури онҳо низ иҷро мегардид. Сабаби ин омил дар мушкилӣ ва тағйирёбии мунтазами муносибатҳои бозоргонӣ, аз ҷумла калон шудани андозаи ташкилотҳо ва шакли фаъолияти онҳо, ноустувории муҳити беруна, усули нави роҳбарӣ ва ғайра инъикос мегардад. Аммо таҳлили фаъолияти ширкатҳои амрикоӣ нишон медиҳад, ки қисми зиёди онҳо стратегияи рушдро мунтазам таҳия менамоянд.
Мақсаднок ташаккул додани стратегия дар инҳо ифода мегардад:
стратегия системаи арзишҳо, нигоҳи роҳбарияти баландпояи [баландпояи] ташкилот ва ояндабинии онро, ки барои ба самти зарурӣ равона намудани фаъолияти кормандон мусоидат менамояд, инъикос мекунад.
- таҳлили муҳит ҳолати мавҷударо тавзеҳ намуда, маҳдудиятҳои ба он гузошташуда ва эҳтимолияти ҳаракати онро муайян менамояд;
- стратегияи ташкилёфта василаи ҳамоҳангсозӣ буда, мақсадҳои мувофиқашуда ва дар мавриди ба амал омадани муноқишаҳо ва ихтилоф барои ба ноил гардидан ба мусолиҳа мусоидат менамояд ба шумор рафта, барои амалӣ намудани ташхиси фаъолияти ташкилот кумак мерасонад.
Инчунин сабабҳои барканор гардидани мақсадро аз натиҷаҳо муайян месозад. - мавҷуд будани стратегияи ташкилгардида омодагии ташкилотро барои эҳсоси тағйироти ғайричашмдошт баланд бардошта, алоқаи байни функсияҳои шахсони мансабдорро нишон ва барои идоракунии асоснок мусоидат мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё