Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Кадом стратегияҳо ба стратегияҳои базавӣ дохил мешаванд?
  2. Кадом стратегияҳо аз рӯи дараҷаи мартабаҳо таснифот мешаванд?
  3. Кадом навъи стратегияи функционалиро Шумо медонед?
  4. Тафсилоти стратегияи виолентӣ ва коммутантӣ чӣ гуна аст?
  5. Бартариҳои рақобатноки патиентҳо ва эксплерентҳо дар чӣ зоҳир мегардад?

3.6. КЕЙС-ВАЗЪИЯТ

СТРАТЕГИЯИ ГЛОБАЛИИ «GENERAL MOTORS»

«General Motors» яке аз ширкати қадимаи бисёрмиллата ба шумор рафта, соли 1908 ташкил гардидааст. Дар соли 1920 бошад, аввалин филиали байналмилалии худро таъсис намуд. Айни замон ин корпорацияи калони байналмилалӣ буда, яке аз ширкатҳои бузурги мошинбарорӣ мебошад. Даромади солонаи он аз 100 млрд. доллари ИМА баландтар аст. Ширкат дар як сол ба миқдори 8 млн. воситаҳои нақлиёт мефурӯшад, ки аз ин 3,2 млн. воситаҳои нақлиёт дар хориҷи Амрикои Шимолӣ бароварда мешаванд. Дар соли 1997 ҳиссаи ширкати GM дар бозори Амрикои Шимолӣ 31 фоиз ва ҳиссаи он дар дигар мамлакатҳо 8,9 фоизро ташкил менамуд.

Филиалҳои таърихии GM дар Аврупои Шарқӣ ҷойгир буданд. Тамғаҳои маҳаллии тиҷоратӣ, ба монандӣ «Opel», «Vauxhall», «Saab» ва «Holden» дар соли 1997 барои фурӯши 1 млн. воситаҳои нақлиёт ва ба даст овардани 11,3 ҳиссаи бозор ба корпорасияи мазкур кумак расониданд. Дар ин самт ширкати GM танҳо аз ширкати «Ford» қафо монд. Гарчанде ки корпорацияи GM дар мамлакатҳои Амрикои Лотинӣ ва Осиё муддати тӯлонӣ фаъолият намуда бошад ҳам, аммо сатҳи фурӯш дар ин мамлакатҳо ҳиссаи начандон калонро нисбати дигар мамлакатҳои хориҷӣ ташкил намуд. Аммо дар нақшаи корпорацияи мазкур тағйироти куллии ҳолати воқеӣ ба миён омаданд. Бо дарназардошти он ки Осиё, Амрикои Лотинӣ ва Аврупои Шарқӣ метавонанд ҳамчун бозорҳои бузурги инкишофи саноати нақлиётӣ бошанд, корпорацияи GM барои маблағгузории таваккалии 4 корхонаи саноатии Аргентина, Полша, Чин ва Таиланд ба маблағи 2,2 млрд. доллари ИМА оғоз намуд. Маҳз тағйир додани фалсафаи корпорация оид ба идоракунии фаъолияти истеҳсолии байналмилалӣ чунин тарзи корбарӣ ва васеъ намудани фаъолиятро таъмин намуд.

Одатан корпорацияи GM ба мамлакатҳои тараққикарда ҳамчун партовгоҳи технологияҳои кӯҳнашуда ва моделҳои аз муд баромада

пешина
аз 469
навбатӣ