Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

МАВЗЪИ 3. СТРАТЕГИЯИ ТАШКИЛОТ

назар менамуд. Ҳамагӣ чанд сол қабл, масалан заводҳои бразилиягии GM истеҳсоли «Chevy Chevettes»-ро сар кард, ки солҳои тӯлонӣ дар Амрикои Шимолӣ қатъ гашта буд.

Роҳбарияти корпорацияи GM, ки дар Дейтройт ҷойгир буд, дар вазъияти ба амаломада роҳи гирифтани даромади нақдиро аз маблағгузориҳои ширкатҳо барои технологияҳои куҳнагардида эҳсос менамуд. Менеҷерҳои корпорацияи GM дар мамлакатҳои тараққикарда аз ҷониби худ корбарии мазкурро чунин баҳо доданд, ки роҳбарият фаъолияти онҳоро ғайрисамаранок ҳисоб намудааст. Амр намудани нақшаҳои кории маркетингӣ барои қисми зиёди филиалҳо, ки на дар ҷойҳо, балки аз ҷониби дафтари асосии корпорацияи GM дар Дейтройт тарҳрезӣ мегардиданд, гуфтаҳои болоро асоснок намуд.

Роҳбарӣ барои филиалҳои Аврупо бошад, комилан мустақилона сурат мегирифт. Онҳо бисёр вақт моделҳои худӣ ва ташаккули стратегияи худии маркетингро амалӣ менамуданд. Чунин шакли корбарӣ ва мустақилияти муҳторӣ имконият дод, ки филиалҳои аврупоии корпорацияи GM нақлиётеро истеҳсол намоянд, ки ба талаботи аҳолии маҳаллӣ мувофиқ бошад. Аз ҷониби дигар, ин кор барои тарҳрезии тамғаҳои нақлиёт ва истеҳсоли онҳо кӯшишҳои гарони такроршавандаро ба миён овард. Ҳамин тариқ, ҳангоме ки корпорацияи GM назорати истеҳсолоти худро дар мамлакатҳои тараққикарда пурзӯр намуд, назорат аз болои корхонаҳои Аврупо суст гардид. Дар натиҷа, доираи корбарие ба вуҷуд омад, ки барои филиалҳои байналмилалӣ мушкилот намеовард. Ширкати GM дар асоси фалсафаи худ аз ақидаи мутаммарказонидашудаи ба ҷаҳон баромада ба хулосае омад, ки марказҳои он дар кадом гӯшаи дунё, ки бароишон мувофиқ аст, фаъолият намоянд. Чор заводи наве, ки дар миқёси байналмилалӣ сохта шуда истодаанд, натиҷаи муносибати мазкур аст. Ҳамаи онҳо як намуд дошта, аз технологияҳои муосир истифода менамоянд. Дар сабку услуби онҳо на амрикоиҳо, балки гурӯҳи муҳандисон аз Бразилия ва Олмон иштирок намудаанд. Ширкати GM чунин заводҳоро сохта, метавонад дастоварди ширкати Тойотаро такрор намояд. Заводҳои ширкати Тойота чунон ба ҳамдигар монанданд, ки ҳар як тағйироти воситаҳои нақлиёти дар Ҷопон истеҳсолгардида дарҳол дар тамоми ҷаҳон паҳн мегарданд ва ҳамин тавр, автомобилҳо истеҳсол карда мешаванд.

Шабеҳи заводи GM заводи «Eisenach» дар Олмон ба шумор меравад, ки роҳбарияти онро ширкати фаръии «Опел» амалӣ менамуд. GM маҳз дар заводи «Eisenach» амалӣ намудани системаи истеҳсоли ғайридаромаднокро, ки аз ҷониби ширкати Тойота ба роҳ монда шудааст, дарк намуд.

пешина
аз 469
навбатӣ